Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

836. ДОСТОНИ РАЗМИ ХОҚОНИ ЧИН БО ҲАЙТОЛИЁН

Чунин гуфт пурмоя деҳқони пир, Сухан ҳар чӣ з-ӯ бишнавӣ, ёд гир, Ки аз номдорони бофарру дод Ба мардони ҷангиву ганҷи нажод, Чу хоқони Чин кас набуд аз меҳон, Гузашта зи Кисро ба гирди ҷаҳон. Ҳама то лаби рӯди Ҷайҳун зи Чин Бар ӯ хондандӣ ба дод офарин. Сипаҳдор бо лашкару ганҷу тоҷ Ба Гулзарриюн буд аз он сӯи Чоҷ. Суханҳои Кисро ба гирди ҷаҳон Пароканда буд дар миёни меҳон. Ба мардиву доноиву фарраҳӣ, Бузургиву оини шоҳаншаҳӣ Хирадманд хоқон бад-он рӯзгор Ҳаме дӯстӣ ҷуст бо шаҳрёр. Ба якчанд биншаст бо ройзан, Ҳама номдорон шуданд анҷуман. Ба оғози он ошноӣ нахуст, Ҳаме аз раду мӯбадон рой ҷуст. Яке ҳадя орост пас бешумор Ҳама ёдгор аз дари шаҳрёр. Зи аспони чиниву дебои Чин, Зи тахту зи тоҷу зи теғу нигин, Тароиф, ки бошад ба Чин- андарун, Биёрост аз ҳар даре сад ҳаюн. Зи динори чинӣ зи баҳри нисор, Ба ганҷур фармуд, то сӣ ҳазор Биёварду бо ҳадяҳо ёр кард, Даҳ уштур зи ганҷу дирам бор кард. Сухангӯй марде биҷуст аз меҳон, Хирадманду гашта ба гирди ҷаҳон. Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир, Зи хоқони Чин номае бар ҳарир Набиштанд бар сони аржанги Чин Сӯи шоҳ бо сад ҳазор офарин. Гузар мардро сӯи Ҳайтол буд, Ҳама роҳ пуртиру кӯпол буд.