Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

835. СОХТАНИ НӮШИНРАВОН ШОРСОНИ СУРСОНРО

Кунун кори Зарвону марди ҷуҳуд Сар ояд, хирадро бибояд сутуд. Агар додгар бошӣ, эй шаҳрёр, Бимониву номат бувад ёдгор. Тани хешро шоҳи бедодгар Наёрад ҷуз аз гӯру нафрин ба бар. Агар пеша дорад дилат ростӣ, Чунон дон, ки гетӣ ту оростӣ. Чу хоҳӣ ситоиш паси марги ту, Хирад бояд, эй тоҷвар, тарги ту. Чунон, к-аз паси марги Нӯшинравон Ба гуфтори ман доди ӯ шуд ҷавон. Аз он пас, ки гетӣ бар ӯ гашт рост, Ҷуз аз офарин дар бузургӣ нахост. Бихуфтанд дар дашт хурду бузург, Ба обишхӯр омад ҳаме мешу гург. Миҳон кеҳтариро биёростанд, Ба дайҳим-бар номи ӯ хостанд. Биёсуд гардан зи банди зиреҳ, Зи ҷавшан кушоданд гурдон гиреҳ. Зи кӯполу ханҷар биёсуд дӯш, Ҷуз овози ромиш наёмад ба гӯш. Касеро набуд бо ҷаҳондор тов, Бипайваст аз ҳар сӯе божу сов. Ҷаҳондор душворӣ осон гирифт, Ҳама сози нахчиру майдон гирифт. Нишаст андар айвони гавҳарнигор, Ҳаме рой зад бо маю майгусор. Яке шорсон кард дар роҳи Рум Фузун аз ду фарсанг болои бум. Бад-ӯ- андарун коху майдону боғ, Ба як даст руду ба як даст роғ. Чунин буд ба Рум- андарун чанд шаҳр, Ки Кисро бипаймуду бардошт баҳр. Баровард аз ӯ кохҳои баланд, Набуд дар ҷаҳон назди кас нописанд. Яке кох кард андар ӯ шаҳрёр, Бад-ӯ андар айвони гавҳарнигор.