Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

834. БАЗМИ ПАНҶУМИ НӮШИНРАВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН

Бар ин низ бугзашт як ҳафта рӯз, Ба ҳаштум чу бифрӯхт гетифурӯз, Бияндохт он чодари ложвард, Биёрост гетӣ ба дебои зард. Шаҳаншоҳ биншаст бо мӯбадон, Хирадманд пирону гӯяндагон, Сари мӯбадону радон Ардашер, Чу Шопуру чун Яздгирди дабир, Сароянда Бузарҷмеҳри ҷавон Биёмад бари шоҳ Нӯшинравон. Ба донандагон гуфт шоҳи ҷаҳон, Ки «Бо кист ин дониш андар ниҳон, К-аз ӯ дини Яздон банерӯ шавад, Ҳамон тахти шоҳӣ беоҳу шавад?» Чу бишнид аз ӯ мӯбади мӯбадон, Забон баркушод аз миёни радон, Чунин дод посух, ки «Аз доди шоҳ Дурахшон шавад фарру дайҳиму гоҳ. Чу бо дод букшояд аз ганҷ банд, Бимонад пас аз марг номаш баланд. Дигар, к-ӯ бишӯяд забон аз дурӯғ, Наҷӯяд зи кажжӣ ба гетӣ фурӯғ. Се дигар, ки бододу бахшоиш аст, Зи тоҷаш замона пуророиш аст. Чаҳорум, ки аз кеҳтари пургуноҳ Наҷӯшад сари номвар пешгоҳ. Ба панҷум, чунон бошад андар сухан, Ки номаш нагардад ба гетӣ куҳан. Ҳама рост гӯяд сухан камму беш, Нагардад ба ҳар кор аз оини хеш. Шашум, бар парастандаи тахти хеш Чунон меҳр дорад, ки бар бахти хеш. Ба ҳафтум, сухан гарчи доно бувад, Забонаш ба гуфтан тавоно бувад, Нагардад дилаш сер аз омӯхтан, Ба андешагон мағзро сӯхтан. Ба озодӣ аст аз хирад ҳар касе, Чунон чун бинолад зи ахтар басе.