833. БАЗМИ ЧАҲОРУМИ НӮШИНРАВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН
Ду ҳафта бар ин низ бугзашту шоҳ
Бипардахт рӯзе зи кори сипоҳ.
Бифармуд, то мӯбадону радон
Ба айвон хироманд бо бихрадон.
Бипурсидашон аз тану аз нажод,
Зи тезиву орому фарҳангу дод.
Зи шоҳиву аз тоҷу кундоварӣ,
Зи анҷому фарҷоми некахтарӣ.
Сухан кард аз он мӯбадон хостор,
Ба пурсиш гирифт, он чи омад ба кор.
Чу ҳар кас ба андозаи донишаш
Сухан ронду н-омад аз он ромишаш.
Ба Бузарҷмеҳр он замон шоҳ гуфт,
Ки «Рахшанда гавҳар барор аз нуҳуфт».
Яке офарин кард Бузарҷмеҳр,
Ки «Эй шоҳи равшандилу покмеҳр,
Чунон дон, ки андар ҷаҳон низ шоҳ
Яке чун ту нанҳода бар сар кулоҳ.
Ба доду ба дониш, ба тоҷу ба тахт,
Ба фарру ба чеҳру ба рою ба бахт,
Чу парҳезгорӣ кунад шаҳрёр,
Чӣ некӯст парҳез бо тоҷдор!
Зи Яздон битарсад гаҳи доварӣ,
Наҷӯяд баландиву кундоварӣ.
Хирадро кунад подшо бар ҳаво,
Бад-он гаҳ, ки хашм оварад подшо.
Набояд, ки андешаи шаҳрёр
Бувад ҷуз писандидаи Кирдгор.
Зи Яздон шиносад ҳама хубу зишт,
Ба подоши некӣ биҷӯяд биҳишт.
Забон ростгӯю дил озармҷӯй,
Ҳамеша ҷаҳондору бообрӯй.
Беҳ аз ростӣ дар чаҳон кор нест,
Аз ин беҳ гуҳар бо ҷаҳондор нест.
Сухангӯю равшандилу доддеҳ,
Кеҳонро ба кеҳ дораду меҳ ба меҳ.
Касе, к-ӯ бувад шоҳро зердаст,
Набояд, ки ёбад зи ҷое шикаст.