832. БАЗМИ СЕВУМИ НӮШИРВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН
Чу як ҳафта бугзашт, ҳаштум пагоҳ
Нишаст аз бари гоҳ пирӯз шоҳ.
Бихонд он касеро, ки доно буданд,
Ба гуфтору дониш тавоно буданд.
Бигуфтанд ҳар гунае ҳар касе,
Ҳамоно писандаш наёмад басе.
Чунин гуфт Кисро ба Бузарҷмеҳр,
Ки «Аз чодари шарм букшой чеҳр».
Сухангӯи доно забон баркушод,
Зи ҳар гуна дониш ҳаме кард ёд.
Нахуст офарин кард бар шаҳрёр,
Ки «Пирӯз бодо сари тоҷдор!»
Дигар гуфт: «Мардум нагардад баланд,
Магар сар бупечад зи роҳи газанд,
Чу бояд, ки дониш бияфзоядат,
Сухан ёфтанро хирад боядат.
Дари ном ҷустан далерӣ бувад,
Замона зи баддил ба серӣ бувад.
В-агар тахт ҷӯӣ, ҳунар боядат,
Чу сабзӣ диҳад шох, бар боядат.
Чу пурсанд пурсандагон аз ҳунар,
Нашояд, ки посух диҳӣ аз гуҳар.
Гуҳар бе ҳунар нописанд асту хор,
Бар ин достон зад яке шаҳрёр,
Ки гар гул набӯяд, зи рангаш магӯй,
К-аз оташ наҷӯяд касе оби ҷӯй.
Тавонгар ба бахшиш бувад шаҳрёр,
Ба ганҷи нуҳуфта наӣ номдор.
Ба гуфтори хуб, ар гуҳар, хостӣ,
Ба кирдор пайдо кун он ростӣ.
Фурӯтан бувад, ҳар кӣ дорад хирад,
Сипеҳраш ҳаме дар хирад парварад.
Чунин ҳам бувад мардуми содадил,
Зи кажжиш баргардад озодадил.
Хирад дар ҷаҳон чун дарахти вафост,
В-аз ӯ бар нахустин дили подшост.
Чу хурсанд бошӣ, таносон шавӣ,
Чу оз оварӣ, з-ӯ ҳаросон шавӣ.