Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

831. БАЗМИ ДУВУМИ ШОҲ НӮШИНРАВОН БО БУЗАРҶМЕҲР ВА МӮБАДОН

Дигар ҳафта равшан дили шаҳрёр, Ҳаме буд донандаро хостор. Дил аз кори гетӣ ба як сӯ кашид, Куҷо хост гуфтори доно шунид. Касе, к-ӯ сазовортар гоҳ буд, Ба донандагӣ дархури шоҳ буд, Бирафтанд донандагони сухан, Ҷавону ҷаҳондида марди куҳан. Сарафроз Бузарҷмеҳри ҷавон Бишуд бо ҳакимони равшанравон. Ҳакимони донандаву ҳушманд Расиданд наздики тахти баланд, Ниҳоданд сар сӯи Бузарҷмеҳр, Ки Кисро ҳаме з-ӯ барафрӯхт чеҳр. Аз эшон яке буд фарзонатар, Бипурсид аз ӯ аз қазову қадар, Ки фарҷому анҷоми чунин сухун Чи гунаст в-ин бар чӣ ояд ба бун? Чунин дод посух, ки «Ҷӯяндамард Ҷавону шабу рӯз бо коркард. Бувад роҳи рӯзӣ бар ӯ тору танг, Ба ҷӯй- андарун оби ӯ бодранг. Яке беҳунар хуфта бар тахти бахт, Ҳаме гул фишонад бар ӯ-бар дарахт. Ҷаҳондори донову парвардгор Чунин офарид ахтари рӯзгор». Чунин аст расми қазову қадар, Зи бахшиш наёбӣ ба кӯшиш гузар. Дигар гуфт: «Он кас, ки рӯзипур аст, Кадом асту бешӣ киро дархур аст?» Чунин гуфт, к- «Он кас, ки кӯшандатар, Ба некиву кирдораш ояд ба бар». Дигар гуфт, к- «Аз мо чӣ некӯтар аст, Зи гетӣ киро некуӣ дарх(в)ар аст?» Чунин дод посух, ки «Оҳистагӣ, Каримиву родиву шоистагӣ. Фурӯтан кунад гардани хеш паст, Бубахшад, на аз баҳри подош даст.