830. БАЗМИ НӮШИНРАВОН БО МӮБАДОН ВА ПАНД ГУФТАНИ БУЗАРҶМЕҲР
Чунон буд, ки як рӯз бинҳод хон,
Бифармуд, к-«Ин мӯбадонро бихон,
Ки бошанд донову донишпазир,
Сарояндаву боҳушу ёдгир.
Бирафтанд бедордил мӯбадон,
Зи ҳар донише розҷуста радон.
Чу нон хӯрда шуд, ҷоми май хостанд,
Ба май ҷони равшан биёростанд.
Ба донандагон шоҳи бедор гуфт,
Ки «Дониш кушода кунед аз нуҳуфт.
Ҳар он кас, ки дорад ба дил донише,
Бигӯяд, маро з-ӯ бувад ромише».
Аз эшон ҳар он кас, ки доно буданд,
Ба гуфтан далеру тавоно буданд,
Забон баркушоданд бар шаҳрёр,
Чу ӯ буд донандаро хостор.
Чу Бузарҷмеҳр он суханҳо шунид,
Ба дониш нигаҳ кардани шоҳ дид,
Яке офарин карду бар пой хост,
Чунин гуфт, к- «эй довари доду рост,
Замин бандаи тахти оҷи ту бод,
Фалак равшан аз фарри тоҷи ту бод!
Гар эдун, ки фармон диҳӣ бандаро,
Ки букшояд аз банд гӯяндаро,
Бигӯям, агарчанд бемояам,
Ба дониш-бар аз камтарин пояам.
Накӯҳиш набошад, ки доно забон
Кушода кунад пеши Нӯшинравон».
Нигаҳ кард Кисро, ба донанда гуфт,
Ки «Дониш чаро монад андар нуҳуфт?»
Ҷавон бар забон подшоӣ намуд,
Зи гуфтори ӯ равшаноӣ фузуд.
Аз он хубгуфтору он пандҳо
Шуд он мӯбадонро ба дил бандҳо.
Нахустин чу аз банд букшод лаб,
Ба Яздон сутудан ҳунар дод лаб.
Дигар гуфт: «Равшанравон он касе,
Ки кӯтоҳ гӯяд ба маънӣ басе.