Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

829. ГУЗОРДАНИ БУЗАРҶМЕҲР ХОБИ КИСРОРО

В-аз он беша пӯён ба роҳ омаданд, Хиромон ба наздики шоҳ омаданд. Фиристода аз пеши кӯдак бирафт, Бари тахт Кисро хиромид тафт. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳ Нӯшинравон, Туӣ хуфта, бедор бахти ҷавон. Бирафтам зи даргоҳи шоҳӣ ба Марв, Бигаштам чу андар гулистон тазарв. Зи фарҳангиён кӯдаке ёфтам, Биёвардаму тез биштофтам». Бигуфт он сухан, к-аз лаби вай шунид, Зи мори сияҳ он шигифтӣ, ки дид. Ҷаҳондор Кисро варо пеш хонд, В-аз он хоб чанде суханҳо биронд. Чу бишнид кӯдак зи Нӯшинравон, Сараш пурсухан гашту гӯё забон. Чунин дод посух, ки «Дар хони ту Миёни бутони шабистони ту Яке марди барност, ки хештан Ба ороиши ҷома кардаст зан. Зи бегона пардахт кун ҷойгоҳ, Бад-ин ройи мо то наёбанд роҳ. Бифармой, то пеши ту бугзаранд, Пайи хештан бар замин бишмаранд. Бипурсем аз он носазои далер, Ки чун андаромад ба болини шер. Зи бегона айвон-ш пардахт кард, Дари кохи шоҳаншаҳӣ сахт кард. Занони шабистони он шаҳрёр, Бирафтанд пурбӯю рангу нигор. Суманбӯй хубони бонозу шарм Ҳама пеши Кисро бирафтанд нарм. Надиданд аз ин сон касе дар миён, Барошуфт Кисро чу шери жиён. Гузоранда гуфт: «Ин на андарх(в)ар аст, Ғуломе миёни занон-андар аст. Бараҳна дигарбора бугзорашон, Ба жарфӣ нигаҳ дор бозорашон».