Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

828. ХОБ ДИДАНИ НӮШИНРАВОН ВА БА ДАРГОҲ ОМАДАНИ БУЗАРҶМЕҲР

Кунун дар суханҳои Бузарҷмеҳр Яке тозатар баркушоем чеҳр. Нигар, хобро беҳуда нашмарӣ, Яке баҳра донаш зи пайғамбарӣ. Бавижа, ки шоҳи ҷаҳон бинадаш, Равони дурахшанда бугзинадаш. Ситора занад рой бо чархи моҳ, Суханҳо пароканда гардад ба роҳ. Равонҳои равшан бубинад ба хоб, Ҳама буданиҳо чу оташ дар об. Шабе хуфта буд шоҳ Нӯшинравон, Хирадпиру бедору давлатҷавон. Чунон дид дар хоб, к-аз пеши тахт Бирустӣ яке хусравонӣ дарахт. Шаҳаншоҳро дил биёростӣ, Маю руду ромишгарон хостӣ. Або вай бар он гоҳи орому ноз, Нишастӣ яке тездандон гуроз. Нишастиву май хӯрдан оростӣ, Май аз ҷоми Нӯшинравон хостӣ. Чу хуршед барзад сар аз бурҷи гов, Зи ҳар сӯ баромад хурӯши чаков. Нишаст аз бари тахт хусрав дижам, Аз он хоб гашта дилаш пур зи ғам. Гузорандаи хобро хонданд, Радонро бари гоҳ биншонданд. Бигуфт, он куҷо дид дар хоб шоҳ, Бад-он мӯбадони намояндароҳ. Гузорандаи хоб посух надод, К-аз он достонаш набуд эч ёд. Ба нодонӣ он кас, ки хасту шавад, Зи воми накӯҳиш ба як сӯ шавад. Зи донанда чун шоҳ посух наёфт, Пурандеша дил сӯи чора шитофт. Фиристод бар ҳар сӯе мӯбаде, Ҷаҳонҷӯю бедордил бихраде. Яке бадра бо ҳар яке бор кард, Ба баргаштан уммеди бисёр кард,