827. РАЗМИ РОМБАРЗИН БО НӮШЗОД ВА КУШТА ШУДАНИ НӮШЗОД
Бигуфт ин сухан пеши Пирӯзи пир,
Бипӯшид рӯи ҳаво парри тир.
Бирафтанд гурдони лашкар зи ҷой,
Хурӯш омад аз кӯсу аз карраной.
Чу оташ сипаҳбад барангехт асп,
Биёмад ба кирдори Озаргушасп.
Чапи лашкари шоҳи Эрон бибурд,
Ба пеши сипаҳ барнамонд эч гурд.
Фаровон зи гурдони лашкар бикушт,
Аз он кор шуд Ромбарзин дурушт.
Бифармуд, то тирборон кунанд,
Ҳаво чун тагарги баҳорон кунанд.
Ба гирд-андарун хаста шуд Нӯшзод,
Басе кард аз он панди Пирӯз ёд.
Биёмад, ба қалби сипаҳ шуд чу гард,
Тан аз тир хаста, рух аз дард зард.
Чунин гуфт пеши далерони Рум,
Ки «Ҷанги падар хору зор асту шум».
Бинолиду гирён суқуфро бихонд,
Сухан ҳар чӣ будаш ба дил-дар, биронд.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин рӯзгори дижам
Зи ман бар ман овард чандин ситам.
Кунун чун ба хок андаромад сарам,
Саворе барафкан сӯи модарам.
Бигӯяш, ки рафт аз ҷаҳон Нӯшзод,
Саромад бар ӯ рӯзи бедоду дод,
Ту аз ман магар дил надорӣ ба ранҷ,
Ки ин аст расми сарои сипанҷ.
Маро баҳра ин буд аз ин тирарӯз,
Дилам чун будӣ шоду гетифурӯз.
Назояд ба ҷуз маргро ҷонвар,
Агар мурд хоҳӣ, ғами ман мах(в)ар.
Дили ман зи куштан пур аз дуд нест,
Падар бадтар аз ман, ки хушнуд нест.
Макун дахмаву тахту ранҷи дароз,
Ба расми Масеҳо яке гӯр соз.
На кофур бояд, на мушку абир,
Ки ман з-ин ҷаҳон хаста гаштам ба тир.