Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

826. ҶАНГ СОХТАНИ РОМБАРЗИН БО НӮШЗОД ВА ПАНД ДОДАНИ ПИРӮЗ НӮШЗОДРО

Ниҳоданд бар нома-бар мӯҳри шоҳ, Фиристода баргашта пӯён ба роҳ. Чу аз раҳ сӯи Ромбарзин расид, Бигуфт, он чи аз шоҳ Кисро шунид. Чу ин гуфта шуд, нома ӯро бидод, Ба фармон, ки фармуд бо Нӯшзод, Сипаҳ кардану ҷангро сохтан, В-аз озарми ӯ мағз пардохтан. Чу он нома бархонд марди куҳан, Шунид аз фиристода чанде сухан. Бад-он гаҳ ки хезад хурӯши хурӯс, Зи даргоҳ бархост овои кӯс. Сипоҳе бузург аз Мадоин бирафт, Бишуд Ромбарзин бари ҷанг тафт. Пас огоҳӣ омад сӯи Нӯшзод, Сипоҳ анҷуман карду рӯзӣ бидод. Ҳама чосалиқону батриқи Рум, Ки буд андар он марзи ободбум, Сипаҳдор Шаммос пеш-андарун, Сипоҳӣ ҳаме даст шуста ба хун. Баромад хурӯш аз дари Нӯшзод, Биҷунбид лашкар чу дарё зи бод. Ба ҳомун кашиданд яксар зи шаҳр, Пур аз ҷанг сар, дил пур аз кину заҳр. Чу гарди сипаҳ Ромбарзин бидид, Бизад нойи рӯину саф баркашид. Зи гарди саворону хуни сарон, Гироидани гурзҳои гарон Дили санги хоро ҳаме бардарид, Касе рӯи хуршеди тобон надид. Ба қалби сипоҳ-андарун Нӯшзод Яке тарги румӣ ба сар барниҳод. Сипоҳе буд аз ҷосалиқони Рум, Ки пайдо набуд аз пайи наъл бум, Ту гуфтӣ, магар хок ҷӯшон шудаст, Ҳаво бар сари ӯ хурӯшон шудаст. Зиреҳдор гурде баромад далер, Куҷо номи ӯ буд Пирӯзи Шер.