Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

825. НОМАИ НӮШИНРАВОН БА РОМБАРЗИН, НИГАҲБОНИ МАРЗИ МАДОИН, ДАР БОРАИ ГИРИФТОР КАРДАНИ НӮШЗОД

Яке нома бинвишт пурдоғу дард, Пурожанг рух, лаб пур аз боди сард. Нахустин бар он офарин густарид, Ки чарху замону замин офарид. Нигорандаи ҳуру кайвону моҳ Фурӯзандаи фарру дайҳиму гоҳ. Зи хошоки ночиз то пушти пил, Зи гарди дами мӯр то рӯди Нил, Агарчанд ба м-ёни сандон раванд, Ҳама зери фармони Яздон раванд. На фармони ӯро карона падид, На з-ӯ подшоҳӣ бихоҳад бурид. Бидонистам ин номаи нописанд, Ки омад зи фарзанд чандин газанд. В-аз он пургуноҳони зиндоншикан, Ки гаштанд бо Нӯшзод анҷуман. Чунин рӯз гар чашм дорад касе, Сазад, гар намонад ба гетӣ басе, Ки ҷуз маргро кас зи модар назод, Зи Кисро ба оғоз то Нӯшзод. Пайи пашшаву мӯр то шеру карг Раҳо нест аз чангу минқори марг. Замин гар кушода кунад рози хеш, Намояд саранҷому оғози хеш. Канораш пур аз тоҷдорон бувад, Бараш пур зи хуни саворон бувад. Пур аз марди доно бувад доманаш, Пур аз хубрух чоки пероҳанаш, Чи афсар ниҳӣ бар сарат-бар, чи тарг, Бар ӯ бугзарад парру пайкони марг. Сухан он ки эдар намонад касе, Ба марги писар шод набвад басе. Гурӯҳе, ки ёранд бо Нӯшзод, Ки ҷуз марги Кисро нагиранд ёд, Агар худ гузар ёбад аз рӯзи бад, Ба марги касон шод бошад, сазад, Ва дигар, ки аз марги шоҳони дод Нагирад касе ёд ҷуз баднажод.