Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

824. БЕМОР ШУДАНИ НӮШИНРАВОН ВА ФИТНА БАРПО ЗАДАНИ НӮШЗОД

Ҳам аз Нӯшзод омад ин достон, Ки ёд омад аз гуфтаи бостон. Чу бишнид фарзанди Кисро, ки тахт Бипардахт аз он хусравонӣ дарахт. Дари кох букшод фарзанди шоҳ, Бар ӯ анҷуман шуд зи ҳар сӯ сипоҳ. Касе, к-ӯ зи банди хирад ҷаста буд, Ба зиндони Нӯшинравон баста буд. Зи девонагон бандҳо баргирифт, Ҳама шаҳр з-ӯ даст бар сар гирифт. Ба шаҳр-андарун ҳар кӣ тарсо буданд, Агар ҷосалиқ, ар сакубо буданд, Басе анҷуман кард бар хештан Саворони гарданкаши теғзан. Ҳаме дод модар варо хоста, Ки аз шоҳ буд ганҷаш ороста. Фароз омадандаш тане сӣ ҳазор, Ҳама найзадор аз дари корзор. Ҳамон шаҳрҳое, ки буд гирди ӯй, Гирифту баромад аз ӯ гуфтугӯй. Яке нома бинвишт наздики хеш Ба Қайсар зи ин ройи торики хеш, Ки бар Ҷундшопур меҳтар туӣ, Ҳамовозу ҳамкешу ҳамсар туӣ. Ҳама шаҳр з-ӯ пургунаҳгор шуд, Сари бахти баргашта бедор шуд. Хабар з-ин ба шаҳри Мадоин расид, Ки омад зи фарзанди Кисро падид. Нигаҳбони марзи Мадоин зи роҳ Саворе барафканд наздики шоҳ. Сухан ҳар чӣ бишнид, бо ӯ бигуфт, Чунин огаҳӣ он чи буд дар нуҳуфт. Фиристода бар сони оби равон Биёмад ба наздики Нӯшинравон. Бигуфт, он чи бишниду нома бидод, Суханҳо, ки пайдо шуд аз Нӯшзод. Аз ӯ шоҳ бишниду нома бихонд, Ғамӣ гашт аз он кору хира бимонд.