Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

823. ДОСТОНИ НӮШЗОД ПИСАРИ НӮШИНРАВОН ВА ЗАНЕ ТАРСО

Ҷаҳондор Кисро чу хуршед буд, Ҷаҳонро аз ӯ биму уммед буд. Бад-ин сон равад офтоби сипеҳр, Ба як даст шамшеру як даст меҳр. На бахшоиш орад ба ҳангоми хашм, На хашм оядаш гоҳи бахшиш ба чашм. Чунин буд ин шоҳи хусравнажод, Биёроста буд ҷаҳонро ба дод. Агар шоҳ дидӣ, агар зердаст, В-агар покдил марди яздонпараст, Чунон дон, ки чора набошад зи ҷуфт, Зи пӯшидану хӯрду ҷои нуҳуфт. Агар порсо бошаду ройзан, Яке ганҷ бошад пароканда зан, Бавижа, ки бошад ба боло баланд, Фурӯ ҳишта то пой мушкин каманд. Хирадманду ҳушёру борою шарм, Сухан гуфтани чарбу овози нарм. Бар ин сон зане дошт пурмоя шоҳ, Ба болой сарву ба дидор моҳ. Ба дини Масеҳо буд он моҳрӯй, Зи дидори ӯ шаҳр пургуфтугӯй. Яке кӯдак омад-ш хуршедчеҳр, Зи Ноҳид тобандатар бар сипеҳр. Варо номвар хондӣ Нӯшзод, Наҷастӣ зи ноз аз бараш тундбод. Биболид бар сони сарви саҳӣ, Ҳунарманду зебои шоҳаншаҳӣ. Чу дӯзах бидонисту роҳи биҳишт, Узайру Масеҳу раҳи Зардуҳишт, Наёмад ҳаме Занду Усташ дуруст, Ду рухро ба оби Масеҳо бишуст. Зи дини падар кеши модар гирифт, Замона бад-ӯ монда андар шигифт. Чунон тангдил гашт аз ӯ шаҳрёр, Ки аз гул наёмад ҷуз аз хор бор. Дари коху фархунда айвони ӯй Бубастанду карданд зиндони ӯй.