822. ПАЙҒОМИ ҚАЙСАР НАЗДИ НӮШИРВОН БО БОЖУ СОВ
Чу бишнид Қайсар, дилаш хира гашт,
Зи Нӯширавон ройи ӯ тира гашт.
Гузин кард аз он файласуфони Рум,
Сухангӯю бодонишу покбум.
Ба ҷой омад аз мӯбадон шаст мард,
Зидуда равону хирадро зи гард.
Паямбар фиристод наздики шоҳ,
Гаронмоягон баргирифтанд роҳ.
Чу Меҳроси донанда шуд пешрав,
Гаве дар хирад пиру дар сол нав.
Зи ҳар чиз ганҷе ба пеш-андарун,
Шумораш гузар кард бар чанду чун.
Басе лобаву панду некӯ сухан,
Пушаймон зи гуфторҳои куҳан.
Фиристод бо сову божи гарон,
Гаравгон зи хешону кундоварон.
Чу Меҳрос наздики Кисро расид,
Ба румӣ яке офарин густарид.
Ту гуфтӣ, ки аз тезиву ростӣ,
Ситора барорад ҳаме з-остӣ.
Ба Кисро чунин гуфт, к-«Эй шаҳрёр,
Ҷаҳонро бад-ин арҷмандӣ мадор,
Ба румӣ ту акнуну Эрон тиҳист
Ҳама марз беарзу бефарраҳист.
Ҳар он гаҳ ки Қайсар набошад ба Рум,
Насанҷад ба як пашша ин марзу бум.
Ҳама судмандӣ зи мардум бувад,
Чу ӯ гум шавад, некуӣ гум бувад.
Гар ин растахез аз пайи хостаст,
Ки озарму дониш бар ӯ костаст,
Биёвардам инак ҳама ганҷи Рум,
Ки равшанравон беҳтар аз ганҷу бум».
Чу бишнид аз ӯ ин сухан шаҳрёр,
Дилаш гашт хуррам чу боғи баҳор.
Бипазруфт аз ӯ, ҳар чӣ оварда буд,
Агар бадраи зар, агар барда буд.
Фиристодагонро ситоиш гирифт,
Бар он некуиҳо физоиш гирифт.