Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

821. ОШТӢ ҶУСТАНИ ҚАЙСАРИ РУМ АЗ НӮШИНРАВОН

Пас огоҳӣ овард Фарфуриюс, Бигуфт, он чи омад ба Қолиниюс, Ба Қайсар чунин гуфт, к-«Омад сипоҳ, Ҷаҳондида Кисрову пилону гоҳ. Сипоҳ аст чандон, ки дарёву кӯҳ Ҳаме гардад аз гарди эшон сутӯҳ». Бупечид Қайсар зи гуфтори хеш, Бузургони фарзонаро хонд пеш. Зи Нӯшинравон шуд дилаш пурҳарос, Ҳаме рой зад рӯзу шаб дар се пос. Бад-ӯ гуфт мӯбад, ки «Ин рой нест, Ки бо разми Кисро туро пой нест. Бароранд аз ин марзи обод хок, Шавад гирдаи қайсарон дар мағок. Забони сарояндаву ройи суст, Ба ҷуз ранҷи ин подшоҳӣ наҷуст».