Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

820. ОБОД КАРДАНИ НӮШИНРАВОН ШАҲР БА МОНАНДИ АНТОКИЯ ВА НИШОНДАН ДАР ИН АСИРОНИ РУМИРО

Бигардид бар гирди он шаҳр шоҳ, Замин дид рахшонтар аз чархи моҳ. Зи боғу зи майдону оби равон Ҳаме тоза шуд пиргашта ҷавон. Чунин гуфт бо мӯбадон шаҳрёр, Ки «Антокия-ст ин в-агар навбаҳор? Касе, к-ӯ надидаст хуррамбиҳишт, Зи мушкаш ҳама хоку заррина ҳишт. Дарахтон зи ёқуту обаш гулоб, Заминаш сипеҳр, осмон офтоб, Нигаҳ кард, бояд бад-ин тозабум, Ки обод бодо ҳама буми Рум». Яке шаҳр фармуд Нӯшинравон, Бад-ӯ- андарун обҳои равон. Ба кирдори Антокия чун чароғ Пур аз гулшану коху майдону боғ. Бузургони равшандилу шодком Варо Зеби Хусрав ниҳоданд ном, Чи шуд Зеби Хусрав чу хуррамбаҳор, Биҳиште пур аз рангу бӯю нигор, Асирон, к-аз он шаҳрҳо баста буд, Ба банди гарон буд, ё хаста буд, Бифармуд, то банд бардоштанд, Бад-ин шаҳри нав шод бугзоштанд. Чунин гуфт, к-«Ин нав бароварда ҷой, Ҳаме гулшану бӯстону сарой Бигардем, то ҳар касеро ба ком, Яке ҷой бошад сазовори ном». Бубахшид бар ҳар касе хоста, Замин чун биҳиште шуд ороста. Зи бас барзану кӯю бозоргоҳ, Ту гуфтӣ, намондаст бар бод роҳ. Биёмад яке пурсухан кафшгар, Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи бедодгар, Ба Қолиниюс андарун хони ман, Яке туд буд пеши болони ман. Аз ин Зеби Хусрав маро суд нест, Ки бар пеши даргоҳи ман туд нест».