Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

819. РАЗМ КАРДАНИ НӮШИНРАВОН БО ФАРФУРИЮСИ РУМӢ ВА ГИРИФТАНИ ҚОЛИНИЮС ВА АНТОКИЯ

В-аз он ҷойгаҳ лашкар андаркашид, Аз Ороиши Рум бартар кашид. Кас омад, бигуфт ин, ки Қайсар сипоҳ Фиристоду инак, ки омад зи роҳ. Чу бишнид, к-омад сипоҳи гарон, Ҳама найзадорону ҷавшанварон, Ба лашкар бигуфт, он чи бишнид шоҳ, Бад-он то басечида бошад сипоҳ. Бирафтанд чун кӯҳи оҳан зи ҷой, Хурӯш омаду нолаи карраной. Наванде зи гуфтори корогаҳон Биёмад ба наздики шоҳи ҷаҳон, Ки Қайсар сипоҳе фиристод пеш, Аз он номдорону гурдони хеш. Ба пеш- андарун паҳлавони сутург, Сипоҳӣ ҳама размҷӯён чу гург. Саворе сарафроз бо бӯқу кӯс Ба румиш хонанд Фарфуриюс. Чу ин гуфта шуд пеши бедор шоҳ, Падид омад аз дур гарди сипоҳ. Бихандид аз ӯ шаҳрёри ҷаҳон, Бад-ӯ гуфт, к-«Ин нест аз мо ниҳон, Ки мо пеш аз ин ҷангро сохтем, Аз андеша ҳаргиз напардохтем». Кайи тоҷвар бар лаб оварда каф, Бифармуд, то баркашиданд саф. Сипоҳе биёмад ба пеши сипоҳ, Ки шуд танг аз гард бар бод роҳ. Шуда номвар лашкари анҷуман Ялони сарафрози шамшерзан. Ҳама ҷангро танг баста миён, Бузургону фарзонагону каён. Ба хун об дода ҳама теғро, Бад-он теғи бурранда мар меғро. Сипаҳро набуд бештар з-он диранг, Ки нахчир гирад зи боло паланг. Ба ҳар сӯ зи румӣ тале кушта буд, В-агар хаста аз ҷанг баргашта буд.