Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

818. ДИЖҲО ГИРИФТАНИ НӮШИНРАВОН ДАР БУМИ РУМ

Чунин то биёмад бад-он шорсон, Ки Шӯроб буд номи он корсон. Баровардае дид сар дар ҳаво, Пур аз мардуму сози ҷангу наво. Зи хоро пай афканда дар жарфи об, Кашида сари бора андар саҳоб. Ба гирди ҳисор андаромад сипоҳ, Надиданд ҷое ба даргоҳ роҳ. Бар ӯ сохт аз чор сӯ манҷаниқ, Ба пой омад он бораи ҷосалиқ. Баромад зи ҳар сӯи диж растахез, Надиданд ҷое гузору гурез. Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт, Шуд он бораи диж ба кирдори дашт. Хурӯши саворону гарди сипоҳ Ҳаме дуду оташ баромад ба моҳ. Ҳама ҳисн бетан, сару пой буд, Тани бесароншон дигар ҷой буд, Ғави зинҳору хурӯши занон Баромад зи захми табиразанон. Аз эшон ҳар он кас, ки пурмоя буд, Бимурдиву ганҷаш гаронмоя буд, Бубастанду бар пил карданд бор, Хурӯш омаду нолаи зинҳор. Набахшуд бар кас ба ҳангоми разм, На бар ганҷу динор ҳангоми базм. В-аз он ҷойгаҳ лашкар андаркашид, Ба раҳ-бар диже дигар омад падид, Ки дар банди ӯ ганҷи Қайсар будӣ, Нигаҳбони он диж тавонгар будӣ, Ки Ороиши Рум буд номи ӯй, Зи Кисро бад омад ба фарҷоми ӯй, Бад-он диж нигаҳ кард бедоршоҳ, Ҳанӯз андарун норасида сипоҳ, Бифармуд, то тирборон кунанд, Ҳаво чун тагарги баҳорон кунанд. Ба мардӣ сарон бораро бистаданд, Ба шаҳру ба диж оташ андарзаданд.