Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

817. ЛАШКАР КАШИДАНИ НӮШИНРАВОН БА ҶАНГИ ҚАЙСАРИ РУМ

Чу бархонд он номаро шаҳрёр, Барошуфт бо гардиши рӯзгор. Ҳама мӯбадону радонро бихонд, В-аз он нома чанде суханҳо биронд, Се рӯз андар он буд бо ройзан, Чи бо паҳлавонони лашкаршикан. Чаҳорум бар он рост шуд ройи шоҳ, Ки ронад сӯи ҷанги Қайсар сипоҳ. Баромад зи дар нолаи говдум, Хурӯшидани кӯсу рӯина хум. Ба оромиш-андар набудаш диранг, Ҳаме аз пайи ростӣ ҷуст ҷанг. Сипаҳ баргирифту буна барниҳод, Зи Яздони некидиҳиш кард ёд. Яке гард баршуд, ки гуфтӣ сипеҳр Ба дарёи қир-андар андуд чеҳр. Бипӯшид рӯи заминро ба наъл, Ҳаво яксар аз парниён гашт лаъл, Набуд бар замин пашшаро ҷойгоҳ, На андар ҳаво бодро монд роҳ. Зи ҷӯши саворону аз гарди пил Замин шуд ба кирдори дарёи Нил, Ҷаҳондор бо ковиёнӣ дурафш Ҳаме рафт бо тоҷу заррина кафш, Ҳаме бар шуд овозашон бар ду мил, Ба пеши сипоҳ-андарун кӯсу пил. Паси пушту пеш-андар озодагон Бишуд тез то Озарободагон. Чу чашмаш баромад ба Озаргушасп, Пиёда шуд аз дуру бугзошт асп. Зи дастури покиза барсам биҷуст, Ду рухро ба оби ду дида бишуст. Ба бож андаромад ба оташкада, Ниҳоданд гоҳе ба зар озада. Ниҳода бар ӯ номаи Занду Уст, Ба овоз бархонд мӯбад дуруст. Раду ҳирбад пеш ғалтон ба хок, Ҳама домани куртаҳо карда чок.