816. РАСИДАНИ НОМАИ НӮШИНРАВОН НАЗДИ ҚАЙСАР ВА ФИРИСТОДАНИ ҚАЙСАР ПОСУХИ ОН
Фиристода бо номаи шаҳрёр
Биёмад бари Қайсари номдор.
Бар ӯ офарин карду нома бидод,
Ҳама ройи Кисро бад-ӯ кард ёд.
Суханҳош бишниду нома бихонд,
Бупечиду андар шигифтӣ бимонд.
Зи гуфтори Кисро сарафроз мард
Бурӯ пур зи чин карду рухсора зард.
Нависандаро хонду посух набишт,
Падидор кард андар ӯ хубу зишт.
Сари нома чун гашт зангӣ чу қор,
Нахуст офарин кард бар Кирдгор.
Нигорандаи баркашидасипеҳр,
К-аз ӯяст пархошу орому меҳр,
Ба гетӣ якеро кунад тоҷвар,
В-аз ӯ беҳ яке пеши ӯ бо камар.
Агар худ сипеҳри равон зери туст,
Сари муштарӣ зери шамшери туст,
Ба девон нигаҳ кун, ки руминажод
Ба тухми каён бож ҳаргиз надод.
Ту гар шаҳрёрӣ, на ман кеҳтарам,
Ҳамон босару афсару лашкарам.
Чӣ боист пазруфт чандин фусӯс
Зи бими пайи пилу овои кӯс.
Бихоҳам кунун аз шумо божу сов,
Кӣ дорад ба пархош бо Рум тов?
Сикандар шунидӣ, ба Эрон чӣ кард,
Зи мо буд он шоҳи озодмард.
Нуҳуфта нашуд теғи искандарӣ,
Чӣ созӣ ба мо-бар чунин доварӣ?
Ба тороҷ бурданд якчанд чиз,
Кунун он ситам барнагирем низ.
Зи дашти саворони найзаварон,
Барорем гард аз карон то карон.
На хуршед Нӯшинравон офарид,
В-агар бистад аз чархи гардон калид,
Ки касро нахонад меҳе аз меҳон,
Ҳама коми худ ёбад ӯ дар ҷаҳон.