815. НОМА ФИРИСТОДАНИ НӮШИНРАВОН НАЗДИКИ ҚАЙСАРИ РУМ ВА ПОСУХИ Ӯ
Нависандае хост аз боргоҳ,
Ба Қайсар яке нома фармуд шоҳ.
Зи Нӯшинравон шоҳи фаррухнажод,
Ҷаҳонгиру зиндакуни Кайқубод
Ба наздики Қайсар сарафрози Рум,
Нигаҳбони он марзи ободбум
Сари нома кард офарин аз нахуст,
Гаронмоягӣ ҷуз ба Яздон наҷуст.
Худованди гарданда хуршеду моҳ,
Худованди пирӯзиву дастгоҳ,
Ки берун шуд аз ройи гардонсипеҳр,
Агар ҷанг ҷӯяд, агар доду меҳр.
Ту гар Қайсари Румро меҳтарӣ,
Макун ҳеҷ бо тозиён доварӣ.
В-агар меш ҷӯӣ зи чанголи гург,
Ту донӣ, к-аз ӯ ранҷ бинӣ бузург.
В-агар сӯи Мунзар фиристӣ сипоҳ,
Намонам ба ту лашкару ганҷу гоҳ.
Агар зердасте бувад пурманиш,
Ба шамшер ёбад зи мо сарзаниш.
Ту з-он марз як раш мапаймой пой,
Чу хоҳӣ, ки паймон бимонад ба ҷой.
В-агар бугзарӣ э-ин сухан, бугзарам,
Сару гоҳи ту зери пай биспарам.
Дуруди Худованди дайҳиму зӯр
Бад-он ки наҷӯяд ба бедод шӯр.
Ниҳоданд бар нома-бар мӯҳри шоҳ,
Саворе гузиданд аз он боргоҳ.
Чунон чун бибоист чиразабон,
Ҷаҳондидаву гурду равшанравон.