814. ФАРЁД ХОСТАНИ МУНЗАРИ ТОЗӢ АЗ БЕДОД КАРДАНИ ҚАЙСАРИ РУМ
Зи Гелон ба роҳи Мадоин кашид,
Шумору канори сипаҳро надид.
Ба раҳ-бар яке лашкари бекарон
Падид омад аз дур найзаварон.
Саворе биёмад ба кирдори гард,
К-аз ин лашкари гашн буд поймард.
Пиёда шуд аз аспу букшод лаб,
Чунин гуфт, к-«ин Мунзар аст аз араб».
Чу Мунзар биёмад ба наздики шоҳ,
Ҳама меҳтарон баркушоданд роҳ.
Бипурсид аз ӯ шоҳу шодӣ намуд,
Зи дидори ӯ равшаноӣ фузуд.
Ҷаҳондида Мунзар забон баркушод,
Зи Руму зи Қайсар сухан кард ёд.
Бад-ӯ гуфт: «Гар шоҳи Эрон туӣ,
Нигаҳдору пушти далерон туӣ,
Чаро румиён шаҳрёрӣ кунанд,
Ба дашти саворон саворӣ кунанд?!
Агар шоҳ бар тахт Қайсар бувад,
Сазад, гар сарафроз бесар бувад.
Чу дастур бошад гаронмоя шоҳ,
Набинад чу мо низ фарёдхоҳ.
Саворони даштӣ чу румисавор
Биёбанд, ҷавшан наёяд ба кор».
Зи гуфтори Мунзар барошуфт шоҳ,
Ки Қайсар ҳаме барфарозад кулоҳ.
Зи лашкар забоноваре баргузид,
Ки гуфтори Кисро бидонад шунид.
Бад-ӯ гуфт: «Аз эдар бирав то ба Рум,
Маёсой ҳеҷ андар обод бум.
Ба Қайсар бигӯй, ар надорӣ хирад,
Зи ройи ту мағзи ту кайфар барад.
Агар шери ҷангӣ битозад ба гӯр,
Кабобаш кунад шеру ҳам оби шӯр.
Зи Мунзар ту гар дод ёбӣ, бас аст,
Ки ӯро нишаст аз бари каргас аст,
Чапи хеш пайдо кун аз дасти рост,
Чу пайдо кунӣ, марз ҷӯӣ равост.