813. САЗО ДОДАНИ КИСРО АЛОНОН ВА БаЛУҶИЁН ВА ГЕЛОНИЁНРО
Зи дарё ба роҳи Алонон кашид,
Яке марзи вайрони бекор дид.
Ба озодагон гуфт: «Нанг аст аз ин,
Ки вайрон бувад рӯи Эронзамин.
Набояд, ки бошем ҳамдостон,
Ки душман занад з-ин нишон достон».
Зи лашкар фиристодае баргузид,
Сухангӯву доно чунон чун сазид.
Бад-ӯ гуфт: «Шабгир аз эдар бипӯй,
Бад-ин марзбонону лашкар бигӯй.
Шунидам зи гуфтори корогаҳон
Сухан чанд рафт ошкору ниҳон,
Ки гуфтед моро зи Кисро чӣ бок,
Чи Эрон бари мо, чи як мушт хок.
Кунун мо ба назди шумо омадем,
Саропардаву гоҳу хайма задем.
Биёбон фарох асту кӯҳаш баланд,
Сипоҳ аз дари тиру гурзу каманд.
Дару ғор ҷойи камини шумост,
Бару бум, кӯҳу замини шумост.
Ҳаме ҷангҷӯёни бегонаем,
Сипоҳу сипаҳбад на з-ин хонаем».
Фиристода омад, бигуфт ин сухун,
Ки солори Эрон чӣ афканд бун.
Сипоҳи алонӣ шуданд анҷуман,
Бузургону фарзонаву ройзан.
Сипоҳе ки-шон тохтан пеша буд,
В-аз озодмардӣ кам андеша буд,
В-аз эшон будӣ марзи Эрон ба бим,
Намондӣ ба кас ҷомаву зарру сим.
Зану мард бо кӯдаку чорпой,
Ба ҳомун расидӣ, намондӣ ба ҷой.
Фиристода пайғоми шоҳи ҷаҳон
Бад-эшон бигуфт ошкору ниҳон.
Рухи номдорон аз он тира гашт,
Дил аз гуфти Нӯшинравон хира гашт.
Бузургони эшону кундоварон,
Бирафтанд бо сову божи гарон.