812. БАРГАШТАНИ НӮШИНРАВОН ГИРДИ ПОДШОҲИИ ХЕШ
Хирадманд Кисро чунон кард рой,
К-аз он марз лахте биҷунбад зи ҷой.
Бигардад яке гирди хуррам ҷаҳон,
Кушода кунад корҳои ниҳон.
Бизад кӯсу аз ҷой лашкар биронд,
Ҳаме моҳу хуршед аз ӯ хира монд.
Зи бас пайкари лашкару симу зар,
Камарҳои заррину заррин сипар,
Ту гуфтӣ ба кор-андарун зар намонд,
Ҳамон дурри хушшобу гавҳар намонд.
Таносон ба сӯи Хуросон кашид,
Сипаҳро бар оини Сосон кашид.
Ба ҳар буми обод, к-ӯ баргузашт,
Саропардаву хаймаҳо зад ба дашт.
Чу бархостӣ нолаи карраной,
Мунодигаре пеш кардӣ ба пой,
Ки «Эй зердастони шоҳи ҷаҳон
Кӣ дорад газанде зи мо дар ниҳон?
Махуспед ноэмин аз шаҳрёр,
Мадоред аз андеша ҷонро низор.
Аз ин гуна лашкар ба Гургон кашид,
Ҳаме тоҷу тахти бузургон кашид.
Чунон дон, ки каммӣ наёяд зи дод,
Ҳунар бояд аз шоҳу рою нажод.
Зи Гургон ба Сориву Омул шуданд,
Ба ҳангоми овози булбул шуданд.
Дару дашт яксар ҳаме беша буд,
Дили шоҳи Эрон пурандеша буд.
Зи ҳомун ба кӯҳе баромад баланд,
Яке тозие барнишаста саманд.
Сари кӯҳу он бешаҳо бингарид,
Гули сунбулу обу нахчир дид.
Чунин гуфт, к-«Эй довари кирдгор,
Ҷаҳондору пирӯзу парвардгор,
Туӣ офаринандаи ҳуру моҳ,
Кушояндаву ҳам намояндароҳ.
Ҷаҳон офаридӣ бад-ин хуррамӣ,
Ки аз осмон нест пайдо замӣ.