811. ДАР ДОДУ ФАРҲАНГИ НӮШИНРАВОН
Чу хуршед бинмуд тобанда чеҳр,
Дари боғ букшод гардонсипеҳр.
Падид омад он тӯдаи шанбалид,
Ду зулфи шаби тира шуд нопадид.
Нишаст аз бари тахт Нӯшинравон,
Ба дил доду хуррам, ба давлат ҷавон.
Ҷаҳоне ба даргоҳ бинҳод рӯй,
Ҳар он кас, ки буд дар ҷаҳон дод ҷӯй.
Ба овоз гуфт он замон шаҳрёр,
Ки «ҷуз покяздон мадоред ёр,
Ки доранда ӯясту ҳам раҳнамой,
Ки ӯ даст гирад ба ҳар ду сарой.
Мабошед тарсон ба тахту кулоҳ,
Кушодаст бар ҳар кас ин боргоҳ.
Ҳар он кас, ки ояд ба рӯзу ба шаб,
Зи гуфтор баста мадоред лаб.
Агар май гусорем бо анҷуман,
Гар оҳиста бошем бо ройзан,
Ба чавгону бар дашти нахчиргоҳ
Бари мо шуморо кушодаст роҳ.
Ба хобу ба бедориву ранҷу ноз
Аз ин боргаҳ кас надоред боз.
Магар орзуҳо ҳама ёфта
Махуспанд як тан зи ман тофта.
Бад-он гаҳ шавад шод равшан дилам,
Ки ранҷи ситамдидае бугсилам.
Мабодо, ки аз кордорони ман,
Гар аз лашкару пешкорони ман
Бихуспад касе бо дили дардманд,
Ки аз дарди ӯ бар ман ояд газанд.
Сухан гарчи андак бувад дар ниҳон,
Бипурсад зи ман Кирдгори ҷаҳон.
Зи божу хироҷ он куҷо мондааст,
Ки мӯбад ба девони мо рондааст,
Нахоҳанд низ аз шумо зарру сим,
Махуспед аз ин пас дил аз ман ба бим».
Баромад зи айвон яке офарин
Зи хуршед то тира рӯи замин,