810. ДОСТОНИ БОБАК МӮБАДИ КИСРО ВА АРЗИ СИПОҲ ДОДАНАШ
Зи шоҳон, ки ботахту афсар буданд,
Ба ганҷу ба лашкар тавонгар буданд,
Набуд додгартар зи Нӯширавон,
Ки ҷовид бодо равонаш ҷавон!
На з-ӯ пурҳунартар ба мардонагӣ,
Ба тахту ба дайҳиму фарзонагӣ.
Варо мӯбаде буд, Бобак ба ном,
Ҳашивору бинодилу шодком.
Бад-ӯ дод девони арзи сипоҳ,
Бифармуд, то пеши даргоҳи шоҳ
Биёрост ҷойи баланду фарох,
Сараш бартар аз теғи даргоҳи кох.
Бигустурд фарше бар ӯ шоҳвор,
Нишастанд, ҳар кас ки будаш ба кор.
Зи девони Бобак баромад хурӯш,
Ниҳоданд ҷумла бар овоз гӯш,
Ки «Эй номдорони ҷангозмой,
Саросар ба асп андароред пой.
Хиромед яксар ба даргоҳи шоҳ,
Ба сар барниҳода зи оҳан кулоҳ».
Зиреҳдору бо гурзаи говсор,
Касе к-ӯ дирам хоҳад аз шаҳрёр.
Биёмад ба девони Бобак сипоҳ,
Ҳаво шуд зи гарди саворон сиёҳ.
Чу Бобак сипаҳро ҳама бингарид,
Дирафшу сари тоҷи Кисро надид.
Зи девон ба асп андаровард пой,
Бифармудашон бозгаштан ба ҷой.
Ба ин чанд бугзашт гардонсипеҳр,
Чу хуршеди тобанда бинмуд чеҳр,
Хурӯше даромад зи даргоҳи шоҳ,
Ки «Эй гурздорони эронсипоҳ,
Ҳама бо силеҳу камону каманд
Ба даргоҳи Бобак шавед арҷманд».
Бирафтанд бо найзаву хӯду кабр,
Ҳаме гарди лашкар баромад ба абр.
Нигаҳ кард Бобак ба гарди сипоҳ
Чу пайдо набуд фарру авранди шоҳ,