Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

809. НОМА НАВИШТАНИ НӮШИНРАВОН БА КОРДОРОНИ ХЕШ

Яке нома фармуд бар паҳлавӣ, Писанд оядат, чун зи ман бишнавӣ. Нахустин сари нома гуфт: «Аз меҳ аст Шаҳаншоҳ Кисрои яздонпараст. Барӯманд шох аз дарахти Қубод, Ки тоҷи бузургӣ ба сар барниҳод. Сӯи кордорони божу хироҷ, Парастандаи сояи фарру тоҷ. Беандоза аз мо шуморо дуруд, Ҳунар бо нажод ар бувад, барфузуд. Нахустин сухан чун кушоиш кунем, Ҷаҳонофаринро ситоиш кунем. Хирадманду бинодил онро шинос, Ки дорад зи додори гетӣ сипос. Бидонад, ки ҳаст ӯ зи мо бениёз, Ба наздики ӯ ошкор аст роз. Касеро куҷо сарфарозӣ диҳад, Нахустин дараш бениёзӣ диҳад. Маро дод фармуду худ довар аст, Зи ҳар бартарӣ ҷовидон бартар аст. Ба Яздон расӣ, шоҳу кеҳтар якест, Касеро ҷуз аз бандагӣ кор нест. Зи жарфи замин то ба чархи баланд, Зи хуршед то тирахоки нажанд Паи мӯр бар хештан-бар гувост, Ки мо бандагонему ӯ подшост. Нафармуд моро ба ҷуз ростӣ, Ки дев оварад кажживу костӣ. Агар баҳри ман з-ин ҷаҳони фарох Набудӣ ҷуз аз боғу майдону кох, Наҷустӣ дили ман ҷуз аз доду меҳр, Кушодан ба ҳар кор бедор чеҳр. Кунун рӯи буми замин сарбасар, Зи Ховар бар ӯ то дари Бохтар. Ба шоҳӣ маро дод Яздони пок Зи хуршеди рахшанда то тирахок. Набояд, ки ҷуз доду меҳр оварем, Дигар чин ба коре ба чеҳр оварем.