808. БАХШИДАНИ КИСРО ПОДШОҲИРО БА ЧАҲОР БАҲР ВА ТАДБИР КАРДАН ХИРОҶРО
Шаҳаншоҳ донандагонро бихонд,
Суханҳои гетӣ саросар биронд.
Ҷаҳонро бубахшид бар чор баҳр,
В-аз ӯ номзад кард обод шаҳр.
Нахустин Хуросон аз он ёд кард,
Дили номдорон бад-ӯ шод кард.
Дигар баҳра з-ӯ Қум буду Исфаҳон,
Ниҳоди бузургону ҷои меҳон.
В-аз он баҳрае Озарободагон,
Ки бахшиш ниҳоданд озодагон.
В-аз Армения то дари Ардабил,
Бипаймуд бинодилу буми Гил.
Севум Порсу Аҳвозу марзи Хазар,
Зи Ховар варо буд то Бохтар.
Чаҳорум Ироқ омаду буми Рум,
Чунин подшоҳиву ободбум.
В-аз ин марзҳо ҳар кӣ дарвеш буд,
Ниёзаш ба ранҷи тани хеш буд,
Бубахшид оганда ганҷе бар ин,
Ҷаҳоне бар ӯ хонданд офарин.
Зи шоҳон ҳар он кас, ки буд пеш аз ӯй,
Агар кам будаш ҷоҳ, агар беш аз ӯй,
Биҷустанд баҳра зи кишту дуруд,
Нарастаст кас пеш аз ин нобисуд,
Сеяк буд то чоряк баҳри шоҳ,
Қубод омаду даҳяк овард роҳ.
Зи даҳяк бар он буд, ки камтар кунад,
Бикӯшад, ки кеҳтар чу меҳтар кунад.
Замона надодаш бар он-бар диранг,
Ба дарё бас эмин машав аз наҳанг.
Чу Кисро нишаст аз бари тахти оҷ,
Бубахшид бар ҷои даҳяк хироҷ.
Шуданд анҷуман бихрадону радон,
Бузургону бедордил мӯбадон.
Ҳама подшоҳӣ шуданд анҷуман,
Заминро бубахшиду барзад расан.
Газете ниҳоданд бар як дирам,
Гар эдун, ки деҳқон нагардад дижам.