Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

807. ПОДШОҲИИ КИСРОИ НӮШИНРАВОН

Чилу ҳашт сол буд Андарз кардани Нӯшинравон сардорони Эронро Чу Кисро нишаст аз бари тахти оҷ, Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ. Бузургони гетӣ шуданд анҷуман, Чу биншаст солор бо ройзан. Сари номдорон забон баркушод, Зи дидори некидиҳиш кард ёд. Чунин гуфт, к-«аз Кирдгори сипеҳр Дили мо пур аз офарин боду меҳр, К-аз ӯяст неку баду нангу ном, Аз ӯ мустамандем, аз ӯ шодком. Ба фармони ӯ тобад аз чарх ҳур Аз ӯяст фарру бад-ӯяст зӯр. Зи рою зи фармони ӯ нагзарем, Нафас ҷуз ба фармони ӯ нашмарем. Ба тахти меҳӣ-бар ҳар он кас, ки дод Кунад, дар дил ӯ бошад аз дод шод. Ҳар он кас, ки андешаи бад кунад, Ба фарҷом бад бо тани х(в)ад кунад. Аз андешаи дил кас огоҳ нест, Бад-ин тангӣ-андар маро роҳ нест. Зи мо ҳар чӣ хоҳед, посух диҳем, Ба хоҳишгарон рӯзи фаррух ниҳем. Агар подшоро бувад пеша дод, Шавад, бегумон, ҳар кас аз дод шод. Аз имрӯз коре ба фардо мамон, Кӣ донад, ки фардо чӣ гардад замон? Гулистон, ки имрӯз бошад бабор, Ту фардо чинӣ гул, наёяд ба кор. Бад-он гаҳ ки ёбӣ танат зӯрманд, Зи беморӣ андешу дарду газанд. Паси зиндагӣ ёд кун рӯзи марг, Чунонем бо марг чун боду барг. Ҳар он гаҳ ки дар кор сустӣ кунӣ, Ҳаме ройи нотандурустӣ кунӣ. Чу чира шавад бар дили мард рашк,