806. АЗ ПИРӢ НОЛИДАНИ САРОЯНДА
Ало, эй дилорой, сарви баланд,
Чӣ будат, ки гаштӣ чунин мустаманд?
Бад-он шодмониву он фарру зеб
Чаро буд дили равшанат пурниҳеб?
Чунин гуфт пурсандаро сарвбун,
Ки шодон будам, то нагаштам куҳун,
Чунин суст гаштам зи нерӯи шаст,
Бипарҳезу бо ӯ масов эч даст.
Дами аждаҳо дораду чанги шер,
Бихояд касеро, ки ояд ба зер.
Ҳамовози раъд асту ҳамзӯри карг,
Ба як даст ранҷу ба як даст марг.
Зи сарви дилорой чанбар кунад,
Суманбаргро ранги анбар кунад.
Гули арғувонро кунад заъфарон,
Пас аз заъфарон ранҷҳои гарон.
Шавад бастаи банд пойи наванд,
В-аз ӯ хор гардад тани арҷманд.
Маро дурри хушшоб сустӣ гирифт,
Ҳамон сарви озод пастӣ гирифт.
Хурӯшон шуд он наргисони дижам,
Ҳаме гирад аз сустиву ранҷ нам.
Дили шоду беғам пур аз дард гашт,
Чунин рӯзи мо ноҷавонмард гашт.
Бад-он гаҳ ки мардум бувад сери шир,
Шитоб оварад маргу хонанд-ш пир.
Чилу ҳашт шуд аҳди Нӯшинравон,
Ту бар шаст рафтӣ, намонӣ ҷавон.
Саранҷом ҷӯй аз ҳама кори хеш,
Ба тимори бешӣ макун дил-т реш.
Шигифтӣ ба гетӣ чу Рустам басест,
К-аз ӯ достон дар дили ҳар касест.
Сари мояи мардиву ҷанг аз ӯст,
Хирадмандиву донишу санг аз ӯст,
Кунун адли Кисрой пеш оварем,
Зи дафтар ба гуфтори хеш оварем.