805. ВАЛИАҲД КАРДАНИ ҚУБОД КИСРОРО ВА БУЗУРГОН НОМИ НӮШЕРВОН ДОДАН ӮРО
Зи шоҳиш чун сол бугзашт чил,
Ғами рӯзи марг андаромад ба дил.
Яке нома бинвишт пас бар ҳарир,
Бад-он хатти шоистаи дилпазир.
Нахуст офарин кард бар додгар,
Ки ӯ дод дину хирад, ҳам ҳунар.
Бибошад ҳаме бегумон, ҳар чӣ гуфт,
Чи бар ошкоро, чи андар нуҳуфт,
Сари подшоҳишро кас надид,
Нашуд хор ҳар кас, ки ӯро гузид.
«Ҳар он кас, ки бинед хатти Қубод,
Ба ҷуз панди доно магиред ёд.
Ба Кисро супурдам сазовор тахт,
Пас аз марги мо ӯ бувад некбахт.
Бифармуд, то қир бугдохтанд,
Нагунсор дар қираш андохтанд.
Ки Яздон аз он пур хушнуд бод,
Дили бадсиголаш пур аз дуд бод.
Бад-ин мӯҳр ҷустем аз мӯбадон,
Чи аз зердастону фаррух радон.
Зи гуфтори ӯ ҳеҷ мапроканед,
Аз ӯ шод бошеду ганҷ оганед».
Бар он нома-бар мӯҳри заррин ниҳод,
Бари мӯбади Ромбарзин ниҳод.
Ба ҳаштод шуд солиёни Қубод,
Набуд рӯзи пирӣ ҳам аз марг шод.
Ба гетӣ-дар аз марг хушнуд кист,
Ки фарҷоми кораш кӣ донад, ки чист?
Намонду ҷаҳон мурдарӣ монд аз ӯй,
Шуд он ранҷу осониву рангу бӯй.
Зи гирд оваридан кӣ ёбад беҳӣ,
Ки мерафт бояд ба дасти тиҳӣ
Танашро ба дебо биёростанд,
Гулу мушку кофуру май хостанд.
Яке дахма карданд шоҳаншаҳӣ,
Яке тахти заррину тоҷи меҳӣ.
Ниҳоданд бар тахти зар шоҳро,
Бубастанд то ҷовидон роҳро.