804. ОВЕХТАНИ КИСРО МАЗДАКРО ВА КУШТАН ӮРО
Чунон буд, ки як рӯз Маздак пагоҳ
Зи хона биёмад ба наздики шоҳ,
Чунин гуфт, к-«Аз динпарастони мо,
Ҳам аз покдил зердастони мо.
Фаровон зи гетӣ сарон бар даранд,
Фуруд оварамшон, агар бугзаранд».
Зи Маздак шунид ин суханҳо Қубод,
Ба солор фармуд, то бор дод.
Чунин гуфт Маздак ба пурмоя шоҳ,
Ки «Ин ҷой танг асту чандон сипоҳ.
Ҳамоно нагунҷанд дар пеши шоҳ,
Ба ҳомун хиромад, кунадшон нигоҳ».
Бифармуд, то тахт берун баранд,
Зи айвони шоҳӣ ба ҳомун баранд.
Ба дашт омад аз маздакӣ се ҳазор,
Бирафтанд шодон бари шаҳрёр.
Чунин гуфт Маздак ба шоҳи замин,
Ки «Эй бартар аз донишу офарин,
Чунон дон, ки Кисро на бар дини мост,
Зи дин сар кашидан варо кай равост?
Яке дастхатташ бибояд ситад,
Ки сар боз гардонад аз роҳи бад.
Бупечонд аз ростӣ панҷ чиз,
Ки доно бар ин панҷ нафзуд низ,
Куҷо рашку кин асту хашму ниёз,
Ба панҷум, ки гардад бар ӯ чира оз.
Ту гар чира бошӣ бар ин панҷ дев,
Падид оядат роҳи кайҳонхидев.
Аз ин панҷ моро зану хостаст,
Ки дини беҳӣ дар ҷаҳон костаст.
Зану хоста бояд андар миён,
Чу дини беҳиро нахоҳӣ зиён.
Бад-ин ду бувад рашку озу ниёз,
Ки бо хашму кин андарояд ба роз.
Ҳаме дев печад сари бихрадон,
Бибояд ниҳод ин ду андар миён».
Чу ин гуфта буд, дасти Кисро гирифт,
Бад-ӯ монда буд шоҳи Эрон шигифт.