803. ПАЗИРУФТАНИ ҚУБОД ДИНИ МАЗДАК
Биёмад яке мард, Маздак ба ном,
Сухангӯю бодонишу рою ком.
Гаронмоя мардеву донишфурӯш,
Қубоди диловар бад-ӯ дод гӯш.
Ба назди шаҳаншоҳ дастур гашт,
Нигаҳдори он ганҷу ганҷур гашт.
Зи хушкӣ хӯриш танг шуд дар ҷаҳон
Миёни меҳону миёни кеҳон.
Зи рӯи ҳаво абр шуд нопадид,
Ба Эрон касе барфу борон надид.
Меҳони ҷаҳон бар дари Кайқубод,
Ҳаме ҳар кас аз обу нон кард ёд.
Бад-эшон чунин гуфт Маздак, ки «шоҳ
Намояд шуморо ба уммед роҳ».
Давон худ биёмад бари шаҳрёр,
Чунин гуфт, к-«эй шоҳи парҳезгор,
Ман акнун сухан пурсам аз ту яке,
Гар эдун, ки посух диҳӣ андаке».
Қубоди сароянда гуфташ: «Бигӯй,
Ба ман тоза кун аз сухан обрӯй».
Бад-ӯ гуфт: «Он кас, ки мораш газид,
Ҳаме аз танаш ҷон бихоҳад парид.
Яке дигареро бувад пойзаҳр,
Газида наёбад зи тарёк баҳр.
Сазои чунин мард гӯӣ, ки чист,
Ки тарёк дорад дирамсанг бист?»
Чунин дод посух варо шаҳрёр,
Ки «Хунист ин марди тарёкдор.
Ба хуни газида бибояд-ш кушт,
Ба даргоҳ чун хасмаш орад ба мушт».
Чу бишнид, бархост аз пеши шоҳ,
Биёмад ба наздики фарёдхоҳ.
Бад-эшон чунин гуфт, к-«Аз шаҳрёр
Сухан кардам аз ҳар даре хостор.
Бибошед то бомдоди пагоҳ,
Намоям шуморо сӯи дод роҳ».
Бирафтанду шабгир боз омаданд,
Сухан дар дилу пургудоз омаданд.