802. БОЗГАШТАНИ ҚУБОД АЗ ҲАЙТОЛ ВА ЗОДАНИ КИСРОИ НӮШИНРАВОН ВА БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ҚУБОД
Чу наздикии хони деҳқон расид,
Ҳама кӯй мардум пароканда дид.
Ҳама мужда бурданд назди Қубод,
Ки «Ин пур бар шоҳ фархунда бод!
Писар зод ҷуфти ту дар шаб яке,
Ки аз моҳ пайдо набуд андаке».
Чу бишнид, дар хона шуд шодком,
Ҳамон гоҳ Кисрош карданд ном.
Зи деҳқон бипурсид он гаҳ Қубод,
Ки «Эй некбахт, аз кӣ дорӣ нажод?»
Бад-ӯ гуфт, к-«Аз Офаридуни гурд,
Ки аз тухми Заҳҳок шоҳӣ бибурд,
Падар гуфтам ину ниё ҳамчунин,
Ки бо Офаридун кунем офарин».
Зи гуфтори ӯ шодтар шуд Қубод,
Зи рӯзе, ки тоҷи кайӣ барниҳод.
Иморӣ бисечиду омад ба роҳ,
Нишаста бар ӯ-андарун ҷуфти шоҳ.
Биёвард лашкар сӯи Тайсафун,
Дил аз дарди эрониён пур зи хун.
Ба Эрон ҳама солхӯрда радон,
Нишастанд бо номвар бихрадон,
Ки «Ин кор гардад ба мо-бар дароз,
Миёни ду шоҳ он ду гарданфароз.
Зи Руму зи Чин лашкар ояд кунун,
Бирезанд аз ин марз бисёр хун.
«Бибояд хиромид пеши Қубод,
Магар к-он суханҳо нагирад ба ёд.
Биёрем Ҷомоспи даҳсоларо,
Ки бо дурр ҳамто кунад жоларо.
Магар мо зи тороҷу хун рехтан
Ба як сӯ гурезему овехтан».
Бирафтанд яксар бари Кайқубод,
Бигуфтанд, к-«эй шоҳи хусравнажод,
Гар аз ту дили мардумон хаста шуд,
Ба шӯхӣ-дурун дидаҳо шуста шуд.
Кунун комрон шав бар он ч-ат ҳавост,
Ки шоҳи ҷаҳон бар ҷаҳон подшост».