Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

801. ГУРЕХТАНИ ҚУБОД ВА ПАНОҲ ГИРИФТАН НАЗДИ ҲАЙТОЛИЁН

Аз ӯ эминӣ ёфт ҷони Қубод, Зи гуфтори он пурхирад гашт шод. Аз он пас бар ӯ роз букшоду гуфт, Ки «Андеша аз ту нахоҳам нуҳуфт. Кушода-ст бар панҷ тан рози ман, Ҷуз ин нашнавад як тан овози ман. Бихонемашону кушоем роз, Агармон бад-он мардум ояд ниёз. Агар банд бардорӣ аз пойи ман, Чунон дон, ки бар хӯрдӣ аз ройи ман». Чу бишнид Размеҳри покизарой, Сабук бандро баргирифташ зи пой. Шаби тира аз шаҳр берун шуданд, Зи дидори душман ба ҳомун шуданд. Сӯи марзи Ҳайтол карданд рӯй Аз андешагон хаставу роҳҷӯй. Бар ин гуна саргашта ин ҳафт мард Ба Аҳвоз рафтанд тозон чу гард. Расиданд пӯён ба пурмоя деҳ, Ба деҳ-дар яке номбардор меҳ. Бад-он хони деҳқон фуруд омаданд, Бибуданду якбора дам барзаданд. Яке духтаре дошт деҳқон чу моҳ, Зи мушки сияҳ бар сараш-бар кулоҳ. Ҷаҳонҷӯй чун рӯи духтар бидид, Зи мағзи ҷавон шуд хирад нопадид. Ҳамон гаҳ биёмад, ба Размеҳр гуфт, Ки «Бо ту сухан дорам андар нуҳуфт. Бирав, рози ман пеши деҳқон бигӯй, Магар ҷуфти ман гардад ин моҳрӯй». Бишуд тезу розаш ба деҳқон бигуфт, Ки «Гар духтари хубро нест ҷуфт, Яке пок анбозаш орам ба ҷой, Ки гардӣ ба Аҳвоз-бар кадхудой», Гаронмоя деҳқон ба Размеҳр гуфт, Ки «Ин духтари хубро нест ҷуфт. Агар ҳаст шоиста, фармон турост, Мар инро бад-он деҳ, ки ӯро ҳавост».