800. БАНД КАРДАНИ ЭРОНИЁН ҚУБОДРО ВА БАР ТАХТ НИШОНДАНи ҶОМОСП БАРОДАРАШРО
Чу огоҳӣ омад ба эрониён,
Ки он пилтанро сар омад замон.
Хурӯше баромад зи Эрон ба дард,
Зану марду кӯдак ҳама мӯя кард.
Ба нафрин забонҳои эрониён
Биёлуду бархост роз аз миён.
Барошуфт Эрону бархост гард,
Ҳаме ҳар касе кард сози набард.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки тахти Қубод
Агар Суфаро шуд, ба Эрон мабод!
Сипоҳиву шаҳрӣ ҳама шуд яке,
Набурданд номи Қубод андаке.
Бирафтанд яксар ба айвони шоҳ,
Зи бадгӯй пурдарду фарёдхоҳ.
Касе, к-ӯ бари шоҳ бадгӯй буд,
Бар андешаи бад балоҷӯй буд,
Бикуштанду бурданд аз айвон кашон,
Зи Ҷомосп ҷустанд аз он пас нишон,
Ки кеҳтар бародар буду сарфароз,
Қубодаш ҳаме парваридӣ ба ноз.
Варо баргузиданду биншонданд,
Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд.
Ба оҳан бубастанд пойи Қубод,
Зи фарру нажодаш накарданд ёд.
Яке пур буд Суфароро гузин,
Хирадманду покизаву б-офарин.
Ҷавоне беозору Размеҳр ном,
Ки аз номи ӯ буд падар шодком.
Супурданд баста бад-ӯ шоҳро,
Бад-он гуна бадройи бадхоҳро,
Ки он меҳрубон кинаи Суфарой
Бихоҳад ба дард аз ҷаҳонкадхудой.
Беозор Размеҳри яздонпараст
Насудӣ ба бад бо ҷаҳондор даст.
Парастиш ҳаме кард пеши Қубод
В-аз он кин накард эч бар шоҳ ёд.
Ҷаҳондор аз ӯ монд андар шигифт,
В-аз ӯ бахшиши мардумӣ баргирифт.