Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

799. БАДГУМОН КАРДАНИ ЭРОНИЁН ҚУБОДРО АЗ СУФАРОЙ ВА КУШТАНИ Ӯ СУФАРОЙРО

Чунон буд, то бисту яксола гашт, Ба ҷом- андарун бода чун лола гашт. Биёмад бари тоҷвар Суфарой Ба дастурии бозгаштан ба ҷой. Сипаҳбад худу лашкараш соз кард, Бизад кӯсу оҳанги Шероз кард. Ҳаме рафт шодон сӯи шаҳри хеш, Зи ҳар ком бардошта баҳри хеш. Ҳама Порс ӯро шуда чун раҳӣ, Ҳама буд ҷуз тоҷи шоҳаншаҳӣ. Бар он буд, ки «Ман шоҳ биншондам, Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хондам. Гар аз ман касе зишт гӯяд бад-ӯй, Варо сард гӯяд, биронад зи рӯй». Ҳаме бож ҷустӣ зи ҳар кишваре, Зи ҳар номдореву ҳар меҳтаре. Чу огоҳӣ омад сӯи Кайқубод Зи Шерозу аз кори бедоду дод, Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ҷуз ном шоҳ Надорад аз Эрон, на ганҷу сипоҳ. На фармон-ш бошад ба чизе, на рой, Ҷаҳон шуд ҳама бандаи Суфарой. Ҳар он кас, ки буд роздори Қубод, Бар ӯ ин суханҳо ҳаме кард ёд, Ки «Аз подшоҳӣ ба номе басанд Чаро кардӣ, эй шаҳрёри баланд? Зи ганҷи ту огандатар ганҷи ӯ, Бибояд гусист аз ҷаҳон ранҷи ӯ. Ҳама Порс чун бандаи ӯ шуданд, Бузургон парастандаи ӯ шуданд». Зи гуфтор бад шуд дили Кайқубод, Зи ранҷаш ба дил-бар накард эч ёд. Ҳаме гуфт агар ман фиристам сипоҳ Сари ӯ бигардад, шавад размхоҳ. Чун ӯ душмане карда бошам ба ганҷ, Аз ӯ дид бояд басе дарду ранҷ. Кунад ҳар касе ёди кирдори ӯй, Ниҳонӣ надонанд бозори ӯй.