798. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ ҚУБОД ВА АНДАРЗ КАРДАН БА МЕҲОН
Чу бар тахт биншаст фаррух Қубод,
Кулоҳи бузургӣ ба сар барниҳод.
Сӯи Тайсафун шуд зи шаҳри Ситахр,
Ки гарданкашонро бад-он буд фахр.
Чу бар тахти пирӯза биншаст, гуфт,
Ки «Аз ман мадоред чизе нуҳуфт.
Шуморо сӯи ман кушодаст роҳ,
Ба рӯзи сапеду шабони сиёҳ.
Бузург он касе, к-ӯ ба гуфтори рост
Забонро биёросту кажжӣ нахост.
Чу бахшоиш орад ба хашм- андарун,
Сари ростон хонадаш раҳнамун.
Ниҳад тахти хушнудӣ андар ҷаҳон,
Биёбад ба дод офарини меҳон.
Дили хеш агар дур дорӣ зи кин,
Меҳону кеҳонат кунанд офарин.
Ҳар он гаҳ ки шуд подшо каж(у)гӯй,
Зи кажжӣ шавад зуд пайкорҷӯй.
Суханро бибояд шунидан нахуст,
Чу доно бувад, посух орӣ дуруст.
Чу донанда мардум бувад озвар,
Ҳаме дониши ӯ наёяд ба бар.
Ҳар он гаҳ ки доно бувад пуршитоб,
Чи дониш мар ӯро, чи дар шӯра об.
Чунон ҳам, ки ёбад дили лашкарӣ,
Ҳаме дар накӯҳиш кунад кеҳтарӣ.
Тавонгар куҷо сахт бошад ба чиз,
Фурӯмоятар шуд зи дарвеш низ.
Чу дарвеши нодон кунад бартарӣ,
Ба девонагӣ монад ин доварӣ.
Чу айби тани хеш донад касе,
Зи айби касон барнагӯяд басе.
Сутуни хирад бурдборӣ бувад,
Чу тезӣ кунӣ, тан ба хорӣ бувад,
Чу хурсанд гаштӣ ба доди Худой,
Тавонгар шавӣ якдилу покрой.
Гар озода дорӣ танатро зи ранҷ,
Тани марди беоз беҳтар зи ганҷ.