Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

797. БОЗГАШТАНИ ҚУБОД БА ЭРОНЗАМИН

Чу лашкар бидиданд рӯи Қубод, Зи дидори ӯ анҷуман гашт шод. Ҳамон мӯбади мӯбадон Ардашер, Асирон, ки буданд барнову пир. Бузургон ҳама хайма бугзоштанд, Ҳама даст бар осмон доштанд, Ки пури шаҳаншоҳро бегазанд Бидиданд, бо ҳар кӣ буд арҷманд. Ҳамон гаҳ фурӯ ҳишт пардасарой, Сипаҳбад ба асп андаровард пой. Зи Ҷайҳун гузар кард пирӯзу шод, Або мӯбадон мӯбаду Кайқубод. Чу огоҳӣ омад ба Эронзамин Аз он некпай меҳтари б-офарин, Ҳам аз ҷангу пайкор бо Хушнавоз, Зи ройи чунон марди найрангсоз, Ки аз ҷанг баргашт пирӯзу шод, Кушода шуд аз банд пойи Қубод, Ҳамин мӯбади мӯбадон Ардашер, Касеро, ки бурданд аз Эрон асир, Биёварду акнун зи Ҷайҳун гузашт, В-аз Эрон сипоҳ аст бар обу дашт. Хурӯше баромад аз Эрон, ки гӯш, Ту гуфтӣ, ҳаме кар шавад аз хурӯш. Бузургони фарзона бархостанд, Пазира шуданро биёростанд. Балош он замон тахти заррин ниҳод, Ки бо паҳлавон барнишонад Қубод. Чу омад ба шаҳр- андарун Суфарой, Бузургон бирафтанд яксар зи ҷой. Пазира шуданро биёрост шоҳ, Ҳаме рафт бо он ки будаш сипоҳ. Балош он замон дид рӯи Қубод, Раҳо гашта аз банд пирӯзу шод. Мар ӯро сабук шоҳ дар бар гирифт, Зи Ҳайтолу Чин даст бар сар гирифт. Зи роҳ-андар айвони шоҳ омаданд, Халидадилу кинахоҳ омаданд.