Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

796. РАЗМИ СУФАРОЙ БО ХУШНАВОЗ

Чу огоҳӣ омад бари Хушнавоз, Ба дашт омаду ҷангро кард соз. Ба Байканд шуд, размгоҳе гузид, Ки чархи равон рӯи ҳомун надид. В-аз ин рӯй пуркина дил Суфарой, Ба кирдори бод андаромад зи ҷой. Чу шаб тира шуд, паҳлавони сипоҳ Ба пилони осуда барбаст роҳ. Талоя ҳаме гашт бар ҳар ду рӯй, Ҷаҳон шуд пур овози пархошҷӯй. Ғави посбонону бонги ҷарас Ҳаме омад аз дуру аз пешу пас. Чунин то падид омад он теғи шед, Дару дашт шуд чун булӯри сапед. Ду лашкар ҳаме размро сохтанд, Дарафши бузургӣ барафрохтанд. Аз овози гурдони пархошхар Бидаррид мар аждаҳоро ҷигар. Ҳаво думми каргас шуд аз парри тир, Замин шуд зи хуни сарон обгир. Ба ҳар сӯ ки дидӣ, тале кушта буд, Киро аз ялон рӯз баргашта буд. Биҷунбид аз қалбгаҳ Суфарой, Сипоҳ андаромад ба тундӣ зи ҷой. В-аз он рӯй бо теғи кин Хушнавоз Биҷунбиду омад ба тундӣ фароз. Бидид он, ки шуд рӯзгораш дурушт, Инонро бупечиду бинмуд пушт. Чу боди дамон аз пасаш Суфарой Ҳаме тохт бо найзаи ҷонгазой. Басе кард аз он номдорон асир, Басе кушта шуд ҳам ба шамшеру тир. Ҳаме тохт, пеши куҳандиж расид, Ба раҳ-бар басе куштаву хаста дид. Зи боло нигаҳ кард пас Хушнавоз Сипаҳро зи ҳомун нишебу фароз. Ҳама роҳ пуркуштаву хоста Шуду дашт чун боғи ороста.