Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

795. НОМА НАВИШТАНИ СУФАРОЙ БА ХУШНАВОЗ

Бад-он гаҳ ки Пирӯз шуд сӯи ҷанг, Яке паҳлавон ҷуст борою санг, Ки бошад нигаҳбони тахту кулоҳ, Балоши ҷавонро шавад некхоҳ. Бад-он кор шоиста шуд Суфарой Яке моявар буд покизарой. Ҷаҳондида аз шаҳри Шероз буд, Сипаҳбаддилу гарданафроз буд. Ҳам ӯ марзбон буд ба Кобулситон, Ба Бусту ба Ғазнину Зобулситон. Чу огоҳӣ омад сӯи Суфарой Зи Пирӯзи берою бераҳнамой, Зи мижгон сиришкаш ба рух барчакид, Ҳама ҷомаи паҳлавӣ бардарид. Зи сар баргирифтанд гурдон кулоҳ, Ба моҳе нишастанд бо сӯги шоҳ. Ҳаме гуфт бар кинаи шаҳрёр Балоши ҷавон чун бувад хостор. Бидонист, к-он кор бесуд гашт, Сари тоҷи шоҳӣ пур аз дуд гашт. Сипоҳи парокандаро гирд кард, Бизад кӯсу аз дашт бархост гард. Фароз омадаш теғзан сад ҳазор, Ҳама размҷӯю ҳама кинадор. Дирам доду он лашкар обод кард, Дили мардуми кинавар шод кард. Фиристодае хост ширинзабон, Хирадманду бедору равшанравон. Яке нома бинвишт пурдоғу дард, Ду дида пур аз хуну рухсора зард. Ба нома-дарун пандҳо кард ёд Зи Ҷамшеду Кайхусраву Кайқубод. В-аз он пас фиристод назди Балош, Ки «Шоҳо, ту аз марг ғамгин мабош, Ки ин дард ҳар кас бихоҳад чашид, Шикебоиву ном бояд гузид. Зи бод омада бозгардад ба дам, Яке дод хонад-ш, дигар ситам.