Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

794. Андарз кардани Балош эрониёнро

Чу биншаст бо сӯг моҳе Балош, Сараш пур зи гарду рухаш пурхарош, Сипоҳ омаду мӯбади мӯбадон, Ҳар он кас, ки буд аз раду бихрадон, Фаровон бигуфтанд бо ӯ зи панд, Суханҳо, ки будӣ варо судманд. Бар он тахти шоҳиш биншонданд, Басе зарру гавҳар барафшонданд. Чу биншаст бар гоҳ, гуфт: «Эй радон! Биҷӯед ройи дили бихрадон. Шуморо бузургист наздики ман, Чу равшан шавад кори торики ман. Ба гетӣ ҳар он кас, ки некӣ кунед, Бикӯшед, то ройи мо нашканед. Ҳар он кас, ки бад бошаду бадсигол, Ки хоҳад шудан шоҳи худро ҳамол, Нахустин ба пандаш тавонгар кунем, Чу напзирад, аз хунаш афсар кунем. Ҳар он гаҳ к-аз ин лашкари дарпараст Бинолад бари мо яке зердаст, Дили марди бедодгар бишканем, Ҳаме беху шохаш зи бун барканем. Мабошед густох бо подшо, Бавижа касе, к-ӯ бувад порсо, Ки ӯ гоҳ заҳр асту гаҳ пойзаҳр, Ту ҷӯянда тарёк аз заҳр баҳр. Зи гетӣ ту хушнудии шоҳ ҷӯй, Машав пеши тахташ магар тозарӯй. Чу хашм оварад шоҳ, пӯзиш гузин, Ҳаме хон ба бедоду дод офарин. Ҳар он гаҳ ки гӯӣ, ки «Доно шудам, Ба ҳар донише-бар тавоно шудам». Чунон дон, ки нодонтарӣ он замон, Машав бар тани хеш-бар бадгумон, Агар кор бандед панди маро, Сухан гуфтани судманди маро, Зи шоҳони донанда ёбед ганҷ, Касеро зи дониш надидам ба ранҷ».