Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

793. АФТОДАНИ ПИРӮЗ БА ЧОҲ ВА КУШТА ШУДАН

Аз ин рӯй пурбим дил Хушнавоз Чунин то бари канда омад фароз, В-аз он рӯй саргашта Пирӯзшоҳ, Ҳаме тохт бо хормоя сипоҳ. Баромад зи ҳар ду сипаҳ бӯқу кӯс, Ҳаво шуд зи гарди сипаҳ обнӯс. Чунон тирборон шуд аз ҳар ду рӯй, Ки чун об хун андаромад ба ҷӯй. Чу омад ба наздикии Хушнавоз, Сипаҳдори туркон аз ӯ гашт боз. Инонро бупечиду бинмуд пушт, Паси ӯ сипоҳ андаромад дурушт. Барангехта бора Пирӯзшоҳ, Ҳаме тофт бо хормоя сипоҳ. Ба канда дарафтод бо чанд мард, Бузургону шерони рӯзи набард. Чу Нарсӣ бародар-шу фаррух Қубод, Бузургону шоҳони фаррухнажод, Бар ин сон нагун шуд сари ҳафт шоҳ, Ҳама номдорони зарринкулоҳ. В-аз он ҷойгаҳ шоддил Хушнавоз Ба наздикии канда омад фароз, Баровард аз он канда, ҳар кас ки зист, Ҳаме тахт бар бахти эшон гирист. Шикаста сару пушти Пирӯзшоҳ, Сари номдорони ботоҷу гоҳ. Зи шоҳон набуд зинда кас ҷуз Қубод, Шуд он лашкару подшоҳӣ ба бод. Ҳаме ронд бо коми дил Хушнавоз, Сарафроз бо лашкари размсоз. Ба тороҷ дод он сипоҳу буна, На кас майсара дид, на маймана. Аз эрониён чанд бурданд асир, Чи афканда бар хоки тира ба тир. Набояд, ки бошад ҷаҳонҷӯй зуфт, Дили зуфт бо хоки тира-ст ҷуфт. Чунин ояд ин чархи нопойдор, Чи бо зердасту чи бо шаҳрёр.