Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

792. НОМАИ ХУШНАВОЗ БА ПИРӮЗ

Чу бишнид фарзанди хоқон, ки шоҳ Зи Ҷайҳун гузар кард худ бо сипоҳ, Ҳаме бишканад аҳди Баҳроми Гӯр, Бар ин буму бар тоза шуд ҷангу шӯр. Дабири ҷаҳондидаро Хушнавоз Бифармуд, то шуд бари ӯ фароз. Яке нома бинвишт бо офарин Зи додор бар шаҳрёри замин. Чунин гуфт, к-«Аз аҳди шоҳони дод Ба гурдӣ нахонам-т хусравнажод. На ин буд расми ниёкони ту, Гузида ҷаҳондору покони ту. Чу паймони озодагон бишканӣ, Нишони бузургон ба хок афканӣ. Маро низ паймон бибояд шикаст Ба ночора бурдан ба шамшер даст». Ба нома зи ҳар кораш огоҳ кард, Басе ҳадя бо нома ҳамроҳ кард. Саворе сарояндаи сарфароз, Ҳаме рафт бо номаи Хушнавоз. Чу он нома бархонд Пирӯзшоҳ, Барошуфт аз он номвар пешгоҳ. Фиристодаро гуфт: «Бархезу рав, Ба наздики он марди бемоя шав. Бигӯяш, ки то пеши рӯди Тарак, Шуморо фиристод Баҳром чак. Кунун то лаби рӯди Ҷайҳун турост, Баландиву пастиву ҳомун турост. Ман инак биёрам сипоҳе гарон, Сарафроз гурдону ҷанговарон, Намонам ҳаме сояи Хушнавоз, Ки бошад ба рӯи замин-бар дароз». Фиристода омад ба кирдори гард, Шунида суханҳо ҳама ёд кард. Чу гуфтор бишниду нома бихонд, Сипоҳи парокандаро барнишонд. Биёвард лашкар ба дашти набард, Ҳамон аҳдро бар сари найза кард,