Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

791. ҶАНГИ ПИРӮЗ БО ТӮРОНИЁН

Чу Пирӯз аз он рӯзи тангӣ бираст, Ба ором бар тахти шоҳӣ нишаст. Яке шорсон кард Пирӯз, Ром — Бифармуд, к-ӯро ниҳоданд ном. Ҷаҳондори гӯянда гуфт: «Ин Рай аст, Ки ороми шоҳони фаррухпай аст». Дигар кард Бодони Пирӯз ном, Ҳама ҷои шодиву орому ком, Ки акнун-ш хонӣ ҳаме Ардабайл, Ки Қайсар бад-ӯ дорад аз дод майл. Чу ин бумҳо яксар обод кард, Дили мардуми пурхирад шод кард. Дирам дод, то лашкари номдор Сӯи ҷанги туркон баророст кор. Бад-он ҷанг Ҳурмуз будаш пешрав, Ҳаме рафт бо корсозони нав. Қубод аз паси пушти Пирӯзшоҳ Ҳаме ронд чун бод лашкар ба роҳ, Ки Пирӯзро покфарзанд буд, Хирадманду шохе барӯманд буд. Балош аз бари тахт биншаст шод, Ки кеҳтарписар буд бофарру дод. Яке порсе буд, бас номдор, Ки Сархоб-ш хондӣ ҳаме шаҳрёр. Бифармуд Пирӯз, к-«Эдар бибош Чу дастури покиза пеши Балош». Сипаҳро сӯи ҷанги туркон кашид, Ҳаме тоҷу тахти бузургон кашид. Ҳаме ронд бо лашкару ганҷу соз, Ки пайкор ҷӯянд бо Хушнавоз. Нишоне, ки Баҳроми ял карда буд, Зи пастӣ баландӣ бароварда буд. Навишта яке аҳди шоҳаншаҳон, Ки аз турку эрониён дар ҷаҳон Касе з-ин нишон ҳеҷ барнагзарад, На аз рӯд берун ба пай наспарад. Чу Пирӯзи шеравжан он ҷо расид, Нишонкардаи шоҳи Эрон бидид,