Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

790. ПОДШОҲИИ ПИРӮЗ - ПИСАРИ ЯЗДГИРД

Ёздаҳ солу чаҳор моҳ буд Бар тахт нишастани Пирӯз ва хушкӣ ҳафт сол афтодан бар замини Эрон Зи Ҳурмуз чу Пирӯз дилшод шуд, Равонаш зи андеша озод шуд, Биёмад, ба тахти кайӣ барнишаст, Чунон чун бувад шоҳи яздонпараст. Нахустин чунин гуфт бо меҳтарон, Ки «Эй пурҳунар богуҳар сарварон, Ҳаме хоҳам аз довари бениёз, Ки бошад маро зиндагонӣ дароз, Ки кеҳтар ба кеҳ дораму меҳ ба меҳ, Фаровонхирад бошаму рӯзбеҳ, Сари мардумӣ бурдборӣ бувад, Сабуксар ҳамеша ба хорӣ бувад. Сутуни хирад доду бахшоиш аст, Дари бахшиш ӯро чу ороиш аст. Забон чарбу гӯяндагӣ фарри ӯст, Далериву мардонагӣ парри ӯст. Ҳар он номвар, к-ӯ надорад хирад, Зи тахти бузургӣ куҷо бар хӯрад?! Хирадманд ҳам низ ҷовид нест, Фаре бартар аз фарри Ҷамшед нест. Чу тоҷаш ба моҳ- андар омад, бимурд, Нишасти кайӣ дигареро супурд. Намонда бар ин хок ҷовид кас, Зи ҳар бад ба Яздон паноҳеду бас». Ҳаме буд як сол бедоду панд, Хирадманду аз ҳар баде бегазанд. Зи тангӣ ба ҷӯй об чун мушк шуд, Дигар сол рӯи ҳаво хушк шуд. Се дигар ҳамон буду чорум ҳамон, Зи хушкӣ набуд эч кас шодмон. Ҳаворо даҳон хушк чун хок шуд, Ба ҷӯй- андарун об тарёк шуд. Зи бас мурдани мардуму чорпой Паеро набуд бар замин низ ҷой. Шаҳаншоҳи Эрон чу дид он шигифт,