789. ПОДШОҲИИ ҲУРМУЗ ПИСАРИ ЯЗДГИРД
Як солу як моҳ буд
Бар тахт нишастани Ҳурмуз ва
ситадани тоҷи ӯ бародараш Пирӯз
Чу Ҳурмуз баромад ба тахти падар,
Ба сар барниҳод он кайӣ тоҷи зар.
Ту Пирӯзро вижа гуфтӣ зи хашм,
Ҳаме оби рашк андаромад ба чашм.
Сӯи шоҳи Ҳайтол шуд ногаҳон
Або лашкару ганҷу чанде меҳон.
Чағонишаҳе буд, Фағониш ном
Ҷаҳонҷӯю болашкару ганҷу ком.
Фағонишро гуфт, к-«Эй некхоҳ,
Ду фарзанд будем зебои гоҳ.
Падар тоҷи шоҳӣ ба кеҳтар супурд,
Чу бедодгар буд, супурду бимурд.
Чу лашкар диҳӣ мар маро ганҷ ҳаст,
Силеҳу бузургиву нерӯи даст».
Чағонӣ бад-ӯ гуфт, к-«Оре, равост,
Ҷаҳондорро ҳам писар подшост.
Ба паймон супорам сипоҳе туро,
Намоям сӯи дод роҳе туро,
Ки бошад маро Тирмизу Висагирд,
Ки худ аҳд ин дорам аз Яздгирд».
Бад-ӯ гуфт Пирӯз, к-«Оре, ту рост,
Фузун з-он ҳама подшоҳӣ турост».
Бад-ӯ дод шамшерзан сӣ ҳазор
Зи ҳайтолиён лашкаре номдор.
Сипоҳе биёвард Пирӯзшоҳ,
Ки аз гард торик шуд чархи моҳ.
Баровехт бо Ҳурмузи шаҳрёр,
Фаровон набардошт он корзор.
Саранҷом Ҳурмуз гирифтор шуд,
Ҳама тоҷҳо пеши ӯ хор шуд.
Чу Пирӯз рӯи бародар бидид,
Дилаш меҳру пайванди ӯ баргузид.
Бишуд тез, бигрифт дасташ ба даст,
Бифармуд, то борагӣ барнишаст.
Фиристод бозаш ба айвони хеш,