788. ПОДШОҲИИ ЯЗДГИРД ПИСАРИ БАҲРОМИ ГӮР
Ҳаждаҳ сол буд
Бар тахт нишастани Яздгирд ва
Андарз кардан ба сардорон
Чу шуд подшо бар ҷаҳон Яздгирд,
Сипоҳи парокандаро кард гирд.
Нишастанд пас мӯбадону радон,
Бузургону солорфаш бихрадон,
Ҷаҳонҷӯй бар тахти заррин нишаст,
Дари ранҷу дасти бадиро бубаст.
Нахустин чунин гуфт, к-«Ӯ аз гуноҳ
Баросуд, эмин шуд аз кинахоҳ.
Ҳар он кас, ки дил тира дорад зи рашк,
Мар он дардро дев бошад пизишк,
Ки рашк оварад озу гурму ниёз,
Дижогоҳ деве бувад кинасоз.
Мар он чиз, к-онат наёяд писанд,
Макун ҳеҷ касро бад-он дардманд.
Мудоро хирадро бародар бувад,
Хирад бар сари дониш афсар бувад.
Ба ҷойи касе гар ту некӣ кунӣ,
Мазан бар сараш, то дилаш нашканӣ.
Чу некикуниш бошиву бурдбор,
Набошӣ ба чашми хирадманд хор.
Агар бахти пирӯз ёрӣ диҳад,
Маро бар ҷаҳон комгорӣ диҳад,
Яке дафтаре созам аз ростӣ,
Ки напзирад он кажживу костӣ».
Ҳаме дошт якчанд гетӣ ба дод,
Замона бад-ӯ шоду ӯ низ шод.
Ба ҳар сӯ фиристод бемар сипоҳ,
Ҳаме дошт гетӣ зи душман нигоҳ.
Даҳу ҳашт бугзашт сол аз бараш,
Бинолид, чун тира гашт афсараш.
Бузургону донандагонро бихонд,
Бари тахти заррин ба зону нишонд.
Чунин гуфт, к-«Ин чархи нопойдор
На парварда донад, на парвардгор.
Ба тоҷи гаронмоягон нангарад,