787. СИПАРӢ ШУДАНИ РӮЗГОРИ БАҲРОМИ ГӮР
Бад - ин сон ҳаме хӯрд шасту се сол,
Кас андар замона набудаш ҳамол,
Сари соли нав пеши ӯ шуд вазир,
Хирадманд мӯбад, ки будаш дабир,
Ки шуд ганҷи шохи бузургон тиҳӣ,
Кунун омадам, то чӣ фармон диҳӣ?
«Ҳар он кас, ки дорад равонаш хирад,
Ба моли хироҷӣ ба мо нангарад».
Чунин дод посух, ки «Бешӣ масоз,
Ки гаштем аз ин сохтан бениёз.
Ҷаҳонро бад - он бозҳил, к - офарид,
В - аз ӯ омад ин чархи гардон падид.
Ҳаме бугзарад чарху Яздон ба ҷой,
Ба некӣ марову туро раҳнамой».
Бихуфт он шабу бомдоди пагоҳ
Биёмад ба даргоҳ бемар сипоҳ.
Гурӯҳе, ки боист карданд гирд,
Бари шоҳ шуд пури ӯ Яздгирд.
Ба пеши бузургон бад - ӯ дод тоҷ,
Ҳамон тавқи боёраву тахти оҷ.
Парастидани Эзад омад-ш рой,
Бияндохт тоҷу бипардохт ҷой.
Гирифташ зи кирдори гетӣ шитоб,
Чу шаб тира шуд, кард оҳанги хоб.
Чу бинмуд даст офтоб аз нишеб,
Дили мӯбади шоҳ шуд пурниҳеб,
Ки шоҳи ҷаҳон барнахезад ҳаме,
Магар к-аз каронон гурезад ҳаме.
Биёмад ба назди падар Яздгурд,
Чу дидаш каф андар даҳонаш, фусурд.
Варо дид пажмурда ранги рухон,
Ба дебои зарбафт - бар дода ҷон.
Чунин асту ин буд, то буд рӯз,
Ту дилро ба ози фузунӣ масӯз.
Битарсад дили сангу оҳан зи марг,
Ҳам эдар туро сохта нест барг,
Беозориву мардумӣ боядат,
Гузашта чу хоҳӣ, ки нагзоядат.